Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Магар ман набудам, ки бо илтиҷо ба наздат омада гуфтам, ки хостгорҳоро ноумед нагардон. Худат ҳатто андеша накардӣ, ки Хоркаш бо сари паст ба талаби духтарат омад. Бубин ӯ кӯшиш ба харҷ дод, ки хусумати байни ду оиларо, ки тайи ду аср моро бо ҳам душман гардонидааст, аз байн бардорад, вале худат онҳоро ноумед намудӣ...
-Ман сагамро ба онҳо намедиҳам.
-Сагатро намедиҳӣ, вале ҷигарбандат ҳамроҳи писари онҳо гурехта рафт.
-Ман дигар ӯро фарзанд намехонам, на дар ин дунё ва на дар...
-Астағфуриллоҳ гӯй, мардак, - илтиҷо кард модари зор.
Вале падари ба хашмомада, чун Абуҷаҳл, баъди шунидани сухани ҳамсар акси онро иҷро кард ва илтимосу илтиҷои нимаи дуюми хешро сарфи назар намуда, каломи то ҳанӯз дар нӯги забонаш даврзадаистодаро ба самъи модари зор гӯшрас намуд:
-Дар ин дунё ва ҳам дар қиёмат аз баҳраш гузаштам.
-Ой, мани сарсахт, кош гӯшҳоям кар мешуданду ин каломи худатро намешунидам. Наход инсон нисбат ба ҷигарбандаш чунин бераҳмиро раво бинад?- бо чашмони ашкбор гуфт зан.
-Ман он ҳаромзодаи туро оқ кардам...
Овозаи оқ кардани Зулайхо худи ҳамон рӯз дар деҳа паҳн шуда, рӯзи сеюми аз хона гурехтанаш ба шаҳр расид. Духтар ба гӯшҳои хеш бовар намекард, ки падар дар нисбаташ чунин ҳукми ноодилонаро раво дидааст...
Болои сӯхта намакоб, нафаре, ки ба хотири муҳаббати ӯ шуда духтар шарму ҳаёро пеши по зада пинҳонӣ аз хонаи падар гурехт, каломеро ба забон овард, ки дигарбора пеши чашмони Зулайхоро сиёҳӣ пахш кард:
-Ман бо ту дигар хонадор шуда наметавонам, чунки баъди шунидани каломи падарат ба гумон аст мо оилаи аҳлу тифоқ барпо карда тавонем.

пешина
аз 441
навбатӣ