Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Рафту Ҷӯра (писари Хоркаш) маро дӯст дорад-чӣ ё ҳамон хусуматро боз як қарни дигар дунболагирӣ мекунед? - баъди рафтани падар пурсид Зулайхо.
-Агар дӯст дорад, бигузор хостгор фиристад ё роҳи хонаи моро намедонад ва нашавад, ки ман туро дубора ҳамроҳи Ҷӯра бинам.
Баъди ду ҳафта Хоркаш ва боз ду мӯйсафеди деҳа ба хонаи Валии Фотеҳ ба хостгории духтараш Зулайхо омаданд, вале падари Зулайхо ҳатто ба суханони ҳамсараш “Розӣ шав, мардакҷон, Ҷӯра бачаи бад нест ва то кай шумо ин хусуматро дар дил нигоҳ медоред ва маҳз ҳамин кор шумо ду авлодро бо ҳам наздик мекунад,” - гӯш надода хостгорҳоро ноумед сохт...
Ҳафтае нагузашта Зулайхо шабона аз хона гурехта, ҳамроҳи Ҷӯра ба шаҳр рафт.
Сари субҳ дар деҳа овоза шуд, ки Зулайхо-духтари Валии Фотеҳ ҳамроҳи Ҷӯраи бачаи Хоркаш гурехта, ба шаҳр рафтаст.
Бешармӣ аз ин зиёд намешавад. “Модар чӣ гуна, духтар намуна,”- мегуфтанд бадгӯён ва на танҳо Зулайхо, балки модарашро низ, ки дар тарбияи фарзандаш дуруст аҳамият надодааст, гунаҳкор мекарданд.
Чӣ илоҷ, ки сарҳади давлатиро баста мешаваду забони бадгӯёнро не ва модари бечора дарун ба дарун месӯхт...
Дарду алами падарро низ интиҳо набуд. Ӯ худро барои он мазаммат мекард, ки ба гапи ҳамсараш гӯш надод ва оқибат назди мардум худро шарманда сохт, вале пушаймонӣ дигар суде надошт.
-Агар гапи хостгорҳоро мегирифтӣ, ба чунин аҳвол намеафтидем, - шикоят кард рӯзи дуюми аз хона гурехтани Зулайхо модараш.
-Даматро гир! Ҳамааш гуноҳи туст, ки муносибати духтаратро бо сағираи Хоркаш медонистию даҳон накушодӣ,
- ба сари ҳамсар дод зад Валии Фотеҳ.
-Худат, ки пойи равон дорию аз сари субҳ то шом дар байни мардум қарор доштӣ, аз амалҳои духтарат хабардор нашудӣ, пас ман аз паси ин чор девори ҳавлӣ набаромада чӣ тавр огоҳ мешудам, ки он гесубуридаро чӣ ҳавое дар сар аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё