Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба ин суол Зулайхо посух наёфт, вале ҳамин андешаҳо рӯзгорӣ пурмоҷарои ӯро, ки чун дафтари талабагӣ пур аз саҳву хато буд, дубора чун тираабри баҳорӣ пеши назараш овард...
-Ба гӯшам ҳар гуна овозаҳо расида истодааст, эҳтиёт бош, ки боз ягон балоро ба сарамон наорӣ, - баробари аз мактаб баргаштанаш гуфт модар.
-Чӣ хел овозаҳо? - худро ба нодонӣ зада пурсид ӯ.
-Байни мардум миш-миш аст, ки ту ба бачаи Хоркаш дил додаӣ.
-Шумо бошед, ба ҳамин гапҳои беасос бовар намудед?
-То шамол набошад, шохи дарахт намеҷунбад, мефаҳмӣ?
-Шамол, шамол, гуфта мешинед оча, душман гуноҳи дигаратро наёфт, албатта хоҳад гуфт, ки думи сагат каҷ аст.
-О, сиёҳпичамарг, чӣ хел туҳмат, ки дишаб ман худам дар поёни боғ туро ҳамроҳи бачаи Хоркаш дидам.
-Агар дидед, пас чаро моро сари гуноҳ даст нагирифтед?
-Даст мегирифтам, лекин...
-Чӣ лекин?
-Эй фоҳиша, ба ҷой тавба кардан боз гап мезанӣ? - аз ҷой бархеста аз мӯйҳои Зулайхо гирифт модар ва ӯро ба замин хобонда, ба зери мушту лагад гирифта гуфт: - О падарлаънат, ту намедонӣ, ки асрҳо боз байни авлоди падарат ва авлоди Хоркаш зиддияте побарҷост ва ҳамаи инро сабаб амали беандешонаи мӯйдарози ақлкӯтоҳе чун ту аз авлоди Хоркаш бо бародарзодаи бобокалонат гардида. Чун он духтар беникоҳ ҳомила шудааст, бо ҳукми қозӣ он ду “дилдода”-ро, ки бар хилофи шариати ислом пой ниҳодаанд, сангсор намудаанд.
Дар ин бора ман даҳҳо маротиба туро огоҳ намудам, аммо ту бошӣ...
Модар боз чизе гуфтан мехост, вале чун балои ногаҳонӣ аз куҷое шавҳараш (падари Зулайхо) пайдо шуд ва ҳамсару духтарашро дар муноқиша дида, сабаб пурсид.
-Ин мӯйдарози ақлкӯтоҳат гапгардонӣ мекунад, - гуфт модар ва бо ҳамин асли воқеаро пинҳон кард.

пешина
аз 441
навбатӣ