Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Якум, аз рӯйи нишондоди Фотеҳзода Зулайхои Валӣ номи нафари аз Маскав барои амакаш дору фиристода Карим будааст. Дуюм, эшон дар либоси баҳрнавардӣ, яъне, маллоҳӣ қарор доштааст, ки аз нигоҳи мантиқ маллоҳ ҳам аз зумраи хизматчиёни ҳарбист.
-Дар бораи Карими Кабир ном меҳмон маълумоти бештаре гирифтан мехостам.
-Боз чӣ гуна маълумот пурсид? - ходими бахши қабули меҳмонҳо.
-Мегуфтед, ки ӯ чӣ навъ либос дошт, борхалтааш чӣ ранг дошт ва амсоли ин.
-Мутаассифона, дар ин самт ба шумо ёрӣ дода наметавонам.
-Чаро?
-Чунки ман ҳамон нафари гуфтаатонро умуман надидаам ва беҳтар мешуд дар ин бора бо навбатдорӣ ҳамон шаб дар хизмат буда суҳбат мекардед.
-Пас ҳамон навбатдорро даъват намоед!
-Маҳбуба Мерганова баъди анҷоми навбатдорӣ сари субҳ ба хонаашон рафтанд. Метавонед пасфардо биёед.
-Суроғааш?
-Зарафшон. М – 5, хонаи 18...


Аз он чӣ ки нафар ё нафарони қасд ба ҷони амакаш намуда ба ҷуз он маблағи пулии бо асъори хориҷӣ (доллар) ба амонат мондаи вай дигар чизеро ба яғмо набурда буданд, ҷавонзанро ба андеша водор кард.
Ҳарчанд ӯ содиршавии ҷиноятро надида буд, вале аз пурсиши ҳамсояҳо ва зану духтари амакаш он саҳнаро ба хубӣ дарк кард. Аз он чӣ ки қотилон долларҳоро бе душворӣ (агар қатли амакашро ба инобат нагирем) ёфтанд, дар ин бора онҳо огоҳии пурра доштанд ва ё амакашро ба ошкор намудани ин асрор маҷбур намуданд. Қотилон боварии кулл доштанд, ки Исроил Фотеҳ дар манзили истиқоматиаш пулҳои фиристодаи духтари бародарашро нигоҳ медорад.
Пас кист он кас?

пешина
аз 441
навбатӣ