Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Капитани милиса ба мутоилаи маводҳои болои миз буда пардохт ва чӣ тавр баргаштани соҳиби дафтарро ҳам нафаҳмид.
-“Таом омад, калом бархост” – гуфтани соҳибдафтар ӯро аз мутоилаи рӯзномаю маҷаллаҳои дар пешаш буда боздошт ва ҳама он коғазҳои акнун рӯи миз паҳну парешон намудаашро дубора бо тартиби муайяне гирд оварда, ба як гӯшаи миз гузошт ва бо ин амалаш ба соҳибдафтар барои густурдани дастархон кӯмак намуд. Сари як пиёла чой онҳо хеле суҳбат намуданд ва ҳатто чӣ хел гузаштани вақтро ҳам нафаҳмиданд. Амиршоҳи Тайиб марди ниҳоят закӣ ва хушчақчақ будааст ва капитани милиса инро ҳангоми суҳбат бо эшон ба хубӣ дарк намуд.
Дар толори маҷлисҳо капитани милиса сабаби ташрифи хеш ва даъвати ронандагонро ба ҳамоиши дар толор баргузоргардида баён намуда, аз ҳозирин дар ин ҷода кумак хост, вале ҳама он ҷаҳду талошҳо ва интизориҳояш бе натиҷа анҷом ёфт. Аҳли нишаст иброз намуданд, ки бо либоси баҳрнавардӣ як ҳафта не, балки беш аз як моҳ боз касеро вонахӯрдаанд. Дар ҳамоиш аз ҷумлаи даъватшудагон бо сабабҳои номаълум танҳо ду ронандаи таксӣ иштирок надоштанд ва ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ ба номи ҳардуяшон даъватнома гузошта ба ҷой кораш омад. То ҳанӯз Тоҳир Солеҳ ҳам ба идора наомада буд.
Дар нимаи дуюми рӯз ӯ аз нӯги дигари ресмон гирифтанӣ шуда, ҷустуҷӯйро аз меҳмонхонаҳо сар кард.
Ҳангоми шиносоӣ бо китоби ба қайдгири меҳмонҳо дар меҳмонхонаи “Душанбе”, нафаре ки соати 2125 дақиқаи рӯзи
22 октябр сабти ном шуда буд, таваҷҷуҳи ӯро бедор намуд;
-Карими Кабир, хизматчии ҳарбӣ, Федератсияи Русия.
Хизматчии ҳарбӣ , ин худ як мафҳуми умумиест ва аз шакли кул ба шакли ҷуз овардани он ба донишу маҳорати таҳлилгар вобастагии зич дорад. Дар сабти мазкур дар нисбати нафари таваҷҷуҳи милисаро бедор намуда дар ду ҳолат сабти номи меҳмон мавриди зикр шуда метавонист:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё