Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Зан то ҳанӯз даст аз паҳлутахтаи гаҳвора нагирифта, онро ҷунбиш медод ва ин амал то ором шудани тифли дар гаҳвора буда давом кард...
Кори хона ба бозор рост намеояд, гуфтагӣ барин субҳи
28 октябр сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Солеҳро ҳамроҳи сарвари милиса Дастам Қосим ба Раёсати шаҳрӣ даъват намуданд ва бо маслиҳати тарафайн онҳо ба нақшаю чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ тағйироти куллӣ ворид намуданд. Аз рӯй нақшаи нав онҳо бояд аввал корҳои оғоз намудаи дирӯзаро ба сомон расонида, сипас аз пай тартиб додани фотороботи маллоҳ мешуданд.
Дар асоси рӯйхати пешниҳоднамудаи идораи нигоҳдории таксиҳои шаҳрӣ (таксопарк) шаби 22 ба 23 октябр дар шаҳр сесаду чилу ҳашт таксӣ дар хизмати мусофирон буданд ва тайи ин муддат сесаду чор ронанда пурсида шуда буд. Бо талаби сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ Тоҳир Солеҳ раёсати идораи истифодабари таксиҳо боқимонда чилу чор ронандаро соати 11 рӯзи 28 октябр ба автобаза даъват намуда буданд. Сорбони Ҳомид соати 0950 дақиқа ба автобаза омад ва нафари дар пеши дарвоза буда матлаби ӯро шунида, гуфт:
-Ба назди сардори бахши истифодабарии нақлиёт равед.
Ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ вориди бинои маъмурӣ шуд ва рӯ ба рӯй даре, ки дар болояш “Сардори бахши истифодабарии нақлиёт Амиршоҳи Тайиб” навишта шуда буд, лаҳзае тағофул намуда, сипас ба дар ангушт зад...
-Боз ягон соат интизор шуданатон лозим меояд, чун мо ронандагонро ба соати 11 даъват намудаем, - гуфт Амиршоҳи Тайиб баъди шиносоӣ ва матлаби корманди милисаро шунидан.
-Чӣ илоҷ, соати 11 бошад 11.
Соҳибдафтар аз ҷойи бархеста, аз ҷевони калоне, ки дар рафҳояш китобҳои соҳавӣ ва рӯзномаю маҷаллаҳо меистоданд, чанд рӯзномаю маҷалларо гирифта назди ӯ гузошт ва худ узр пурсида аз дар баромад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё