Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Намедонам ин чӣ хел кор аст, вале ман мутлақо зиддам, агар рӯзе Расул касби падарро пеша кунад.
-Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз ва албатта Расул ҳам аз панди гузаштагон сар нахоҳад печид.
-Намехоҳам, ки келини ман чун хушдоманаш ҳамеша чашм дар роҳ бошад. Охир касб қаҳтӣ назадаст-ку.
Чун Умеда дастурхон густурда барои гарм кардани хӯрок рафт, Сорбони Ҳомид вохӯрии аввалинашро бо нимаи дуюми хеш ба ёд овард. Ӯ он вақт ҳамроҳи Наҷиб ба хонаи аммааш мерафт ва маҳз Наҷиб ӯро барои гап партофтан ба духтари аз рӯ ба рӯяшон омада ҳидоят кард ва лейтенанти калони милиса ба гапи хонандаи мактаби миёна гӯш карда, дар паҳлуи қабристон ба духтари роҳгузар гап партофт ва посухи носазоеро ҳам шунид. Зангиру аспгир ҳама девонаанд, вагарна баъди он суханони сермурчу қаланфури духтар инсони соқ асло ёди чунин зан намекард ва ё шояд ҳамааш аз сарнавишт буд. “Тадбир ба тақдири Худованд намонад” гуфтани мардумро низ шояд сабабест, ки маҳз ҳамин духтари аз қаланфур тезтар ҳамсари ӯ гашт... Мегӯянд дар дунё одами неки мутлақ ва ё бади мутлақ нест ва одамони тундмиҷоз аслан мардуми дилсофанд. Онҳо асло кина намегиранд. Бо хислатҳои хеш Умеда ба ҳамсабақи мактабиаш Парвини Мирзо монанд буд. Агар кас ба рӯзгори ин ду нафар назар афканад, мебинад, ки Парвин пай бардошта ва Умеда пой монда, ҳарчанд онҳо хешу ақрабо ҳам нестанд ва дар як деҳа зиндагӣ накардаанд. Дар ҳамин ҷо дили Сорбони Ҳомид ба ҳамсабақи мактабиаш сӯхт, ки бо ҳама он ҳусну малоҳати худодод бахт ба рӯяш нахандид. Духтаре, ки бо як нигоҳ корди муҳаббатро дар синаи ҳар ҷавонмард ҷо ба ҷо карда метавонист, хушбахт нашуд, ки нашуд ва нотавонбинонпаш ин ҳамаро ба забони тезаш шабеҳ медоданд.
Умеда болои лаълие ду коса хурок овард ва якеро назди шавҳар ва дигареро пеши худ монд...
Зан ҳанӯз даст ба таом набурда, ки боз Расул овоз рӯшан кард ва Умеда боз ба хонаи шафат рафт...
Таоми косаи Умеда кайҳо хунук шуда буд ва шавҳар баъди тановули шом чун ҳар фарди мусулмон фотеҳа хонда, лаби дастурхонро болои нон қат карда, ба хонаи хоб рафт.

пешина
аз 441
навбатӣ