Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ дилу бедилон аз ҷой бархеста, рафта дарро кушод ва дар рӯ ба рӯяш дӯсташ Абдулхайрро дид.
-А, бача шарм намедорӣ? О соат нуҳ шудаст, ту бошӣ ҳоло ҳам хоб, - гуфт Абдулхайр ва Каримро барои тановули субҳгоҳӣ даъват кард.


Чун вориди хона шуд, овози ҳамсарро шунид, ки сари гаҳвораи тифлаш суруди алларо замзама дошт...
Капитани милиса дар куҷое хонда буд, ки шоире (ӯ ному насаби шоирро ба ёд оварда натавонист) гуфта, ки аллаи модар манбаи ҳамаи сурудҳои ман аст... Маҳз ҳамин суруд солест боз дар хонадони онҳо танинандоз. Умеда сари гаҳораи тифлаш саргарми ҷумбондани гаҳвора буд ва бинанда гумон мекард, ки ҷавонзан на гаҳвора балки дунёро такон дода истода ва шояд тариқи ҳамин суруд орзую омоли хешро ба гӯши тифл расонидан мехост. Тифлро хоб бурд магар ки зан ба суруди хеш анҷом бахшида, аз сари гаҳвора бархест ва шавҳарро дар остона дид...
Пайдошавии нобаҳангоми шавҳар дар нимашаб авзои занро парешон намуд, ки ӯ гиребони куртаашро дошта болои синааш туф, туф кард, ки дар асл гувоҳе аз нишонаи тарсидани зан буд. Овоз диҳӣ намешавад ё нияти маро талхакаф намудан дорӣ?-гуфт бонуи хона ва шавҳарро ба ошхона даъват кард.
-Расул чӣ хел буд?
-Имрӯз знук дар даҳон накард,- хабар дод бонуи хона.
-О мулоимтар карда гап занӣ намешавад?
-Лафзи мо ҳамин хел ва чаро мо аз лаҳҷаи хеш даст кашем.
-Лаҳҷа , лаҳҷа гуфта мешинӣ, лаҳҷаи бад ҳам чун одати бад аст ва онро то қиёмат дунболгирӣ намудан хатои маҳз аст.

  • Сари субҳ аз хона баромада, посе аз шаб гузашта бармегардӣ ва чаро ҳамин одати бадро дунболгирӣ дорӣ?
  • Охир кори ман чунин аст.
пешина
аз 441
навбатӣ