Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Раҳмат раис, ман равам, - гӯён писарбача майли рафтан кардааст, вале оқсақол дасти ӯро дошта ва бо ёрии балегӯёнаш пойҳои писараки бекасу кӯйро, ки гӯё Гулзорро бадном карда бошад, ба оҳани тафсон бухори расонида сӯхтанд...
Аз дарди ҷонкоҳ доду войи писарбача ба афлок хестааст, вале канӣ гӯши шунаво...
-Сағираи ношуд, деҳаро бадном кардӣ, - гуён оқсақол боз як шаппотие ба бари рӯйи Нуралӣ зада, ӯро огоҳ намудааст, ки агар бори дигар касе аз болояш шикоят кунад, ӯро зинда нахоҳад гузошт. Акнун гум шав, то туро набинам! - ва Нуралии бекасу кӯй баъди аз масҷид баромадан ҳамон шаб Гулзорро тарк намудааст...
Карим аз забони ҳамдеҳагонаш борҳо шунида буд, ки Нуралии Дароз баъди аз Гулзор баромадан ба Сталинобод рафт...
Бо гузашти солҳо ҳамин сағираи бекас соҳиби он қадар ҷову ҷалол шуд, ки ҳисобаш нест. Дари хонаи ӯ барои мардуми Гулзор ҳамеша кушода буд ва ҳеҷ гоҳ Гулзоро ҳам касе чун ӯ дӯст надошта...
Мардумон беҳуда нагуфтаанд, ки “бигзарад он рӯзи сахту монад он рӯй сиёҳ”...
Андешаҳои мухталиф ӯро тамоми шаб домангир шуданд ва қарибиҳои субҳ ғанабаш бурд...
-Зулайхо?
-Ҳа, ман.
-Ту ҳам омадӣ?
-Бале.
-Сабаби омаданатро нафаҳмидам.
-Ҳоло ҳамаашро мефаҳмӣ, - гуфт ҷавонзан қадаме ба тарафи ӯ монд ва дастонашро кушода ӯро ба оғӯш гирифт.
-Ист! Ту чӣ кор карда истодаӣ?-мардум бинанд чӣ гумон мекунанд?
-Барои ман фарқе надорад...
Касе ба дар ангушт зад ва боз овоз дод:
-Карим, ҳо Карим!
Ӯ аз хоб бедор шуда, худро болои бистар танҳо дид...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё