Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Сағира аз куҷоӣ?
-Аз Гулзор.

  • Номат чист.
    -Нуралӣ.
    -Чандсолаӣ?
    -Ёздаҳсола.
    -Аз қаду қомат ва панҷаҳоят бачаи паҳлавонсурат менамой, вале дар ин сармо пойлуч гаштанат хуб не, ё поят хунук намехӯранд?
    -Ман пойҳоямро тез-тез ба оби рӯд тар мекунам
    -Попӯши надорӣ?
    -Не.
    -Дар Гулзор ягон марди хайрхоҳ ҳаст?
    -Ҳама хайрхоҳанд...
    -Хонда метавонӣ?
    -Не.
    -Ба ту як хатча медиҳем, онро ба масҷиди деҳа бурда, ба дасти оқсақоли деҳаатон медиҳӣ...
    -Хуб шудааст.
    Он шаб мардуми Сафедорон Нуралиро ба қавле “меҳмондорӣ” намуда, рӯзи дигар ба дасташ пораи нони ҷавине дода, бо хатчаи тайёрнамудаашон боз ба Гулзор фиристоданд.
    Бегоҳирӯзӣ Нуралӣ рост ба масҷиди деҳа рафта, он хати овардаашро ба дасти оқсақоли деҳа додааст. Ба ҷуз аз оқсақоли деҳа чанд тан аз балегӯёнаш низ дар атрофи бухории чӯянӣ, ки аз оташи зиёд симои хуршеди ба ғурубрафтаро мемондааст, нишаста суҳбат доштанд.
  • Дишаб дар Сафедорон будӣ? - пурсидааст оқсақоли деҳа ки аллакай худаш хатро хондаву онро барои шиносоӣ ба нафари дар паҳлуяш буда дода.
    -Ҳа, дар Сафедорон будам.
    -Бисёр хуб, - гуфтааст оксақол ва ӯро барои нишастан дар паҳлуяш даъват карда.
пешина
аз 441
навбатӣ