Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Экспедитсияи мо дар муайян намудан ва несту нобуд кардани плантатсияҳои маводи мухаддир тариқи оташ задан саҳми беандоза гузошт. Нашъунамои киштзори (плантатсия) кӯкнорро дар болои кӯҳу камар, дар он ҷое, ки нишонае аз қатраи об нест, дида ба заҳмати нашъаҷаллобон аҳсант нагуфтан аз рӯйи инсоф набуд. Агар онҳо дар замини гандум ё пахта чунин заҳмат мекашиданд, бе муҳобот ҳосили рекордӣ мегирифтанд. Ана ҳамон гулҳои шукуфтаи кӯкнор ба кӯҳу камар ҳусни дигар бахшида буданд. Гулҳо мавҷ мезаданд ва ман саҳнаи зеботареро аз он вонахӯрдаам ва чун агрономҳо гули кӯкнор будани он киштзорони хурдро тасдиқ менамуданд, мо милисаҳо ҳамаи он киштзоронро решакан намуда, оташ мезадем ва ба қавле хонаи даҳҳо нашъаҷаллобро сӯхтем .
-Оё имконият набуд, ки он ҷойҳоро ба зери назорат гирифта, “деҳқононаш”-ро дастгир мекардед?
-Барои ба зери назорат гирифтани ҳамаи он минтақаҳое, ки экспедитсияи мо тариқи ҳавопаймо тайи се рӯз рейд гузаронид, ҳайати шахсии як қисми низомии дорои се баталион буда намерасид. Ба замми ин, плантатсияҳо дар кӯҳҳо, дар ҷойҳои касногузар нашъу намо доштанд ва аз эҳтимол дур набуд, ки ҳайати экспедитсияро ташкилкунанда тарафҳои бехатари амалиёти мазкурро фикр накарда бошанд. Охир дар кӯҳу камар ҳама прокурору милисаанд ва нашъаҷаллобон барои ҳифзи моликияти хеш, барои ҳимояи ҳатто як дона чунин гуле, ки марг меорад, тайёранд хуни чанд танро ҳам бирезанд. Ин ҷо бошад ёфтем, гирифтем оташ задем ва баргаштем.
-Яъне, ёфтем, тофтем, бофтем, пушти сар партофтем.
-Бар гузаштагонат раҳмат Дарвозӣ, айнан ҳамааш чунин буд.

пешина
аз 441
навбатӣ