Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ана марҳамат ба ин ҳуҷҷат шинос шавед, - гўён муфаттиш аз ҷузвдони бо худ овардааш ду саҳифаеро бароварда ба дасти Бонози Даврон дод.
-Ман нафаҳмидам, ки дар он саҳфаҳо чӣ омадааст, вале чун ба тарафи қироаткунандаи он лисонҳо нигаристам, дар чеҳрааш тағйироти куллиеро дидам. Бонозро шинохтан намешуд. Ба ҳар ҳол худро ба даст гирифта, анҷоми қироати ўро интизор шудам.
-Хуш, чӣ хел? - баробари чашм аз болои коғазҳо бардоштани Бонози Даврон пурсид Нӯшини Азиз.
-Гап зан ё гумон кардед, ки мо ҳама гулӯ гумроҳем.
-Ҳамааш дуруст аст.
-Ба дурустии ин мо шубҳае надорем, мехоҳем онро худатон шарҳ диҳед.
-Дар ҳақиқат ду рўз пеш аз ҳодиса ман ба кӯчаи Назаршоев рафтам ва бо чанд нафар аз занони он ҷо суҳбат намудам. Фаҳмидам, ки Сафо дар он маҳалла хонаеро харида, ба кадом як духтаре тақдим намудаст ва ўро ба никоҳи хеш даровардааст. Ба ман имконият нашуд, ки он духтарро бубинам. Дар он ҷо ду усто кор мекарданд ва гуфтанд, ки соҳиби хона кист. Аз он ҷо ман қариб девона шуда баргаштам, чунки яке аз он занҳо гуфт, ки Сафо акнун писардор мешавад. Чун шаб Сафо омад, ман қариб ки қиёматро ба по хезонидам, вале ў дар нисбати ман ҳатто сухане ба забон наовард. Рўзи дигараш Хушдил телефон кард, ки шеф ба Ҳисор меравад ва омаданаш ба гумон. Чун он ҳавлии харидааш дар таъмир буд, банда ба хулосае омадам, ки ў ҳамроҳи ҳамон касофат дар кӯчаи Беҳзод аст.
Ман мехостам ўро бо чашми хеш бубинам ва дар бевафоӣ гунаҳкораш созам. Албатта, дар ин бора ба Хушдил сухане нагуфтам. Ман аз ў хоҳиш намудам, ки соати бисту се он ҷо шавад. Аз ҳамин лиҳоз, ман даҳ-понздаҳ дақиқа пештар ба он ҷо рафтам, то моҷарое барпо намоям ва чун Хушдил биёяд, ўро ба дўсташ чун падари тифли дар батнам буда муаррифӣ намоям. Қаҳру ғазаби маро дар он шабу рўз интиҳо набуд, вале чун ба он ҷо рафтаму ҳамаро орому сокит дидам, ба хулосае омадам, ки Сафо бо ҳамсари наваш шояд дар дигар ҷо шабро рўз мекунад ва чаро ман худро аз айш бо дӯсти ў маҳрум созам ва борониамро кашида, вориди хона шудаму боз дари балконро кушодам, то бӯй ғализ берун шавад, давомашро алакаи гуфтам…

пешина
аз 441
навбатӣ