Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Шумо аллакай номи он нафаро медонед. Ҳамон руз қарибиҳои соати 18 Хушдил занг зада хабар дод, ки шефро худаш ба Ҳисор гусел намуд ва агар то соатҳои бистуяк барнагардад, то субҳ он ҷо хоҳад монд ва боз соати 2153дақиқа занг зад ва рафтанамро ба он манзил талаб намуд.
-Ман ўро даъват намудам, ки баъди соатҳои бисту се ба хона биёяд, вале ў бандаро бовар кунонид, ки беҳтар аст ман ба кӯчаи Беҳзод равам. Ман муқобилияте накардам, чунки мехостам дар бораи тифли дар батнам буда падарашро огоҳ созам. Бинобар ин, пеш аз хона баромадан баҳри Сафо мактубчае гузоштам, ки ба хонаи модарам рафтам ва сари субҳ хоҳам баргашт…
-Дар бораи тифли дар батнатон буда Хушдил Замир кай хабардор шуд?
-Баъди он ҳодисаҳо ман натавонистам дар ин бора ба Хушдил сухане гўям, вале дишаб, вақте ки ў ба хона омад, ман ўро дар ин бора огоҳ намудам…
- Шумо иброз намудед, ки танҳо ба хотири тифл шуда, худро ба оғӯши марди дигаре андохтед, оё намешуд, ки ҳамин масъаларо дар доираи қонун ҳал намоед?
-Чӣ хел дар доираи қонун?
-Шумо аз ў ҷудо мешудеду ба дигаре тақдири хешро мепайвастед.
-Мўйдарозон ақлкӯтоҳ гуфтаанд ва банда низ яке аз ҳамин ақлбохтаҳоям. Ман ба васвасаи шайтон дода шуда худро ба бало андохтам, гумон намудам, ки тавлиди тифл боиси хушнудиам мегардад, вале хато намудам, хатое, ки онро бахшидан имкон надорад.
-Оё гуфта метавонед, ки ба ҷуз шумо Сафоро ёри дигаре буд ё не? - пурсид муфаттиш.
-Намедонам, ман ҳатто дар суҳбати аввал бо капитани милиса Сорбони Ҳомид гуфтам, ки баҳри чунин гумонҳо асосе надорам.
-Мисли он ки нисбати Нигораи Собир ҳам чунин гумонҳои ботилро дар сар роҳ додан нахостед, ҳамин хел?
-Ҳа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор