Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Аз куҷо хабар ёфтед, ки Сафо дар кӯчаи Назаршоев зан дорад.
-Аз забони Нигора шунидам ва соате пас ба он ҷо рафтам.
-Чаро ҳамин чизро аз тафтишот пинҳон доштед.
-Нахостам Нигораро ба боло монам, охир ў дугонаи ман аст.
-Боз як савол.
-Ман гӯш мекунам.
-Гӯш намудан ин ҳанўз кам аст, дурусттараш андеша намоед, ки дуюмбора моро ба иштибоҳ наандозед, дар он сурат мо ба шумо дигар ягон ёрие дода наметавонем.
-Ман шуморо бовар мекунонам, ки танҳо сухани ростро мегўям.
-Шумо гуфтед, ки чун Сафо шуморо буғӣ намуданӣ шуд, бо ҳайкалчаи Суқрот ба сараш зарба задед ва бо ҳамин амалатон аз чанголаш раҳо шудед ва ба тарафи балкон ҳаракат намудед.
-Ҳа гуфтам.
-Боз моро бовар кунонидед, ки ў аз ҷой бархоста, чун паланг дар торикӣ ба самти дар ҷаҳид.
-Ҳа ҳамааш ҳамин хел буд.
-Баъди зарбаи ба сараш гирифта, ў ҳамоно аз ҷой бархост ва ё се чор дақиқа болои фарш беҳаракат хобид?
-Ҳамоно аз ҷояш бархоста, боз маро ба чанг овардан хост.
-Ана ҳамин аст иштибоҳи шумо.
-Чӣ хел?
-Чунки баъди зарбаи шумо ў яку якбора бархоста наметавонист, аниқтараш муддати панҷ-шаш дақиқа ў беҳуш буд ва ҳамин муҳлат кофӣ буд, ки шумо бемалол аз он манзил фирор намоед, вале чӣ хеле ки мо дидем, шумо аз он ҷо фирор накардед.
...
-Гап занед, чаро аз имконияти мавҷуда истифода набурдеду он манзилро тарк накардед.
-Ма.н.м.м..а…а..н..

пешина
аз 441
навбатӣ