Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

-Ўро бо шумо чӣ иртиботест?
-Ў аслан дӯсти қадимии хонадони мост. То ҷое, ки банда огоҳӣ дорам, ў шогирди худораҳматии падари Сафо буда, худ дар нисбати Сафо ҳукми устодӣ дорад. Ба қавле нону намакхӯри ҳамдигар буданд.
-Далел?
-Шуморо нафаҳмидам.
-Чаро шумо аз Хусрав Раҳим домангиред?
- Ҳамон шабе, ки ман ба кӯчаи Беҳзод рафтам, ў маро дида буд.
-Дар куҷо?
-Дар рў ба рўи тарабхонаи «Ором» - Соати чанд?
-Ман расо соати бисту ду аз хона баромадам, шояд баъди даҳ ё понздаҳ дақиқа.
-Магар ин асос шуда метавонад, ки ў оилаеро вайрон созад ва мо ҳатто ба гӯшаи хотир ҳам оварда наметавонем, ки ў дар бораи муносибати шумо ва Хушнуди Замир хабар дошта бошад.
-Шумо ҳоло ба собуни он марди сӯзанхӯрда ҷомашӯӣ накардаед.
-Худи шумо чӣ?
-Вай лаънати ҷунбиши кайкро дар зери бӯрё мефаҳмад.
-Шояд равшантар карда гап занед.
-Сеюми июн зодрӯзи Сафо буд. Дар рӯзи мавлудаш ба ғайр аз дигар ёру дӯстони наздик ў шогирди падар ва устоди хеш ҳамин худозадаи Хусрави Раҳимро ҳам даъват намуда буд. Ў он бегоҳ ҳамроҳи ҳамсараш омада буд. Намедонам ў чӣ тавр аз нигоҳи мо дарёфт, ки нисбати ҳамдигар бе тафовут нестем.
-Аз нигоҳи кӣ?
-Аз нигоҳи ману Хушнуд.
-Магар чунин нигоҳ рух дода буд?
-Зодрўзи Сафо ба ҳолате рост омад, ки ману Хушнуд Замир ҳамагӣ як хафта ё шояд камтар аз он ҳам роздонӣ ҳамдигар гашта будем ва табиист, ки гоҳ-гоҳ дуздида ба ҳамдигар менигаристем ва ана ҳамин нигоҳ шояд ба Хусрав Раҳим писанд наомада буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор