Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Магар ин бад аст?
-Аз нигоҳи ҳамонлаҳзаинаи банда он нигоҳ писанди мо набуд, вале акнун андешаи онро дорам, ки мо бояд ҳамон вақт аз он нигоҳи сард баҳри хеш сабақ мегирифтем ва агар чунин мешуд, имрӯз ба доми бало намеафтидем. Ҳарчанд он шаб ў сухане нагуфт, вале баъди он дигар қадамашро ба хонадони мо нагузошт ва боз ў он шаб маро дар рў ба рўи тарабхонаи «Ором» дид, дигар ман аз кӣ гумонбар мешудам?
-Ҳайронам, ки чӣ тавр ин дафъа нигоҳи шумо ва Нигораи Собир аз як хати буриш нагузаштааст.
-Нигора дугонаи ман аст ва ман наметавонам бе далел аз ў домангир шавам.
-Гумон мекунам, ки ҳақ ба ҷониби шумо нест.

  • Чӣ?
    -Шумо беҳуда аз Хусрав Раҳим домангир шудед.
    -Охир ба ҷуз ў маро он шаб касе надида буд.
    -Ӯ инкор намекунад, ки занеро ба шумо монанд дида буд, вале аниқ гуфта наметавонад ки он зан зани шогирдаш буд.
    -Пас ў ба Сафо занг назадааст?
    -Хусрав Раҳим он лаҳзаро танҳо рўзи дигараш, баъди оне ки аз марги Сафо Боқӣ огоҳ гаштааст, ба ёд овардааст.
    Такрор мекунам, рӯзи дигар он лаҳзаро ба ёд овардааст, - гуфтам ман. - Бовар намекунам.
    -Набошад шумо ба рафти воқеаҳо аз дигар кунҷ назора намоед.
    -Он чӣ кунҷест?
    -Хабар аз нигоҳи манфиат.
    -Хусрав Раҳимро ғурури хеле баландест ва ба гумон аст, ки бе ин ҳам ў ба чизе ниёз дошта бошад.
    -Нигораи Собирро чӣ?
    -Ў ҳам ба чизе ниёз надорад, аз Амрико барои чандсолааш доллар овардааст.
    -Ин танҳо як тарафи масъала ҳаст.
    -Тарафи дигараш чист?
    -Бо ҳама дороии хеш ўро хушбахт гуфтан нашояд.
    -Чаро?
пешина
аз 441
навбатӣ