Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Вазъи маро танҳо нафаре дарк карда метавонист, ки худ чунин рўзҳо ва солҳоро паси сар карда бошад. Дар ҳақиқат борҳо сари ин масъала ману Сафо сари баҳс қарор доштем ва чун баъди ҳашт солу ду моҳу нуздаҳ рўз ҳукмномаи хешро аз забони духтур шунидем, диламон на танҳо аз зиндагӣ, балки аз ҳамдигар ҳам хунук шуд.
Қариб тайи як ҳафта ман ба умеди рўзҳои рафта ва хазон шудани умрам гиря намудам ва ба тақдири бадам лаънат хондам. Чун Сафо рӯзҳо ба кор мерафту ман байни он чор девори бетонӣ будам, дилам аз алам бухс мекард. Маҳз ҳамин вазъи банда аз чашми «дурбини» баъзе ҳамсояҳо барканор намонд ва кӯшиши зиёде ба харҷ доданд, ки бандаро ором созанд. «Одам шири хомхӯрда», гуфтани мардумро шояд сабаб он аст, ки ба амале даст мезанаду пас пушаймон мешавад, бехабар аз он ки оби рехтаро ҷамъ овардан имкон надорад. Ман ҳам айнан дар чунин вазъ қарор доштам ва тамоми асрори ниҳони хонадони хешро бо хулосаи духтур баҳри нафаре ифшо намудам. Аз шумо дигар чӣ ҷои пинҳон намудан, дишаб чашми маро нисбати хамин ҳодиса ҳамон нафаре кушод, ки ин субҳ ба назди шумо омада буд. Ў бар он андеша аст, ки фоҷиаро ба сари мо ҳамон нафаре овардааст, ки ман асрори ниҳони хешро бар ў кушодам, вале худам то кунун ба ин чандон боварӣ надорам.

  • Чаро?
  • Охир ў дугонаи ман аст.
  • Хушнуд Замир ҳам дӯсти шавҳаратон буд.
  • Ман кинояи шуморо мефаҳмам, вале дар ҳодисаи мазкур ҳам гунаҳкори асосӣ ман худам ҳастам. Ман дар ҳақиқат он субҳи рўзи якшанбеи охири моҳи май бо чӣ макру фиребе худро ба оғӯши Хушнуд андохтам ва сабабашро ҳам аллакай ба шумо гуфтам. Чун ба гӯшаи хотир ҳам наовардам, ки Нигора ба чунин амали паст даст мезанад.
  • Аз рўи андешаҳои худи шумо, кӣ шавҳаратонро аз бозиҳои пасипардагиатон огоҳ намудааст.
    -Ман гумон мекунам, ки дар ин кор Хусрав Раҳим даст дорад.
пешина
аз 441
навбатӣ