Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Сари субҳ ҳама аъзои гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ ба дафтари кори ман дароед, шояд ба ягон хулосаи дурусте оем, - гуфт Раҷабов.
    -Ҳарчанд Сафар Бобохонович ҳамаги чанд рӯз боз ин вазифаро ба душ дорад, вале ў мўйи сари хешро дар корҳои ҷустуҷўӣ сафед намудааст ва хоҳиш мекунам аз таҷриба ва дониши эшон самаранок истифода баред, - гуфт Ҳамид Ҷовид.
    Чун муовини сардори ШКД масъалаи мазкурро аз рўи қазияи дар кӯчаи Беҳзод рухдода то субҳи рўзи сешанбе мавқуф гузошт, банда ба ошёнаи дуюм баромада, чароғро хомўш намуда, палтоямро гирифта берун баромадам…
    Кӯчаҳоро чароғакҳои ранга оро медод. Аз истгоҳ ба троллейбуси аввалин нишаста то пеши Боғи Марказӣ омадам ва аз он ҷо ба самти майдони асосие, ки «Арчаи солинавӣ»-ро гузошта буданд, қадам задам. Ҳайати шаҳрдорӣ ба Соли нав бо тайёрии хубе омода шуда буд. Дар гирду атрофи арчаи солинавӣ ҳанўз корҳои охирин давом дошт. Майдон пур аз ҷавонон буд, ки шояд бо қудуми хеш ҳусни шаҳр ва майдони марказии онро даҳчанд зеботар намуда буданд…
    Дари хонаро кушодам ва Расул даъватномаеро ба дастам дод, ки дар он омада буд: «Волидайни муҳтарам, Сорбони Ҳомид, шуморо ба ҷашни арчаи солинавии мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 67, ки рўзи 30.12 соати 12 баргузор мегардад, даъват мекунем. Маъмурияти мактаб.”

  • Худаш чӣ гап, ҳеҷ намефаҳмам, - баробари пой бар остонаи дафтари кори банда гузоштан лаб ба шиква кушода гуфт Хушнуди Замир ва дасташро баҳри салом ба сўи ман дароз намуда.
  • Дасти нопокатро гир, - гуфтам ман.
  • Чӣ?
  • Наход гумон дорӣ, ки ман дасти чунин ифлосеро чун ту хоҳам фишурд?
  • О, ман ҳамаашро ба шумо гуфтам-ку, аз мурдани хеш хабар дораму аз марги Сафо Боқӣ не.
  • Ин афсонаро метавонӣ баъди аз маҳбас омаданат ба набераҳоят нақл намоӣ, вале ба гумон аст, ки онҳо ҳам ба ту бовар намоянд. Ба шумо рухсати рафтан медиҳам, - гуфтам ман ба сержант Ҳалимов ва ҳамроҳаш, ки Хушнуд Замирро пешандоз намуда оварда буданд.
пешина
аз 441
навбатӣ