Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Мавқеи интизориро ишғол намудани моро низ сабаб ҳамин аст, чунки далели боэътимоде баҳри собит намудани гуноҳи ҳамсари маҳрум ва ҳаммаслаки ў моро дар даст нест.
Акнун тасаввур намоед, ки ду гурӯҳи мухталиф дар ҳандақҳои рў ба рў дар муқобили ҳамдигар нишаста …
Чун ҳар кадоми мо аз ҳамдигар ҳарос дорем ва дар симои якдигар рақибро мебинем, албатта, ҳар як амали хешро эҳтиёткорона ба ҷо меоварем, то Худо накардаву ҳадафи тири мухолифамон қарор нагирем.
Инро метавон бо мисоле ҳам шарҳ дод. Фарз намудем, ки дар дасти ҳар кадоми мо шаст ҳасту худ машғули моҳигирием.
Оби шӯхи рӯд бошад, софу мусаффо, нурҳои хуршеди ховар низ чи сари моро сила менамояду чи рўи обро. Мо мебинем, ки гулмоҳие аз зери сангҳо бурун меояд, вале майли аз шаст гирифтани луқмаи хешро намекунад, чаро?
Чунки ў сояи худи моро кайҳо дар болои об дидааст ва ҳамин соя кифоя аст, ки ў хатарро ҳис намояд.
Пас чӣ бояд кард? Моро лозим меояд, ки кўшиш ба харҷ диҳем, то сояамон болои об наафтад ва на танҳо сояи худамон, балки сояи шасти дар дастамон буда ҳам ва баҳри ин аз рўи вақт мо бояд аз як соҳил ба соҳили дигар гузарем ва агар моро вақти кофӣ дар ихтиёр нест, бояд аз баҳри шаст бароему дар поёноб баҳри моҳӣ дом гузошта, худ бо роҳи сунъӣ оромии вайро халалдор созем. Дар он сурат ҳатто моҳӣ чӣ тавр ба дом афтиданашро намефаҳмад…
- Яъне, шумо бар он андешаед, ки оромии Бонози Даврон ва Хушнуди Замирро мо худамон бояд халалдор намоем, - пурсид Бахтиёри Қурбоналӣ.
- Чаро не.
- Моро роҳи дигаре нест, - сухани муовини навашро қувват дода гуфт Ҳамид Ҷовид.
- Албатта, ин масъала нигоҳи борикбинаеро мехоҳад ва аҷаб нест, ки ҳама гуна шитобкорӣ болои сухта намакоб нашавад, - гуфт Раҷабов.
- Сафар Бобохонович, - хоҳиш мекунем ҳамин масъаларо зери назорат гиред, - гуфт сарвари ШКД.
- Чун бачаҳо ҳама монда шудаанд ва мардумон «кори шабро хандаи рўз гуфтаанд», мепурсам то фардо, ин масъаларо маъқуф гузорем.
- Ихтиёр акнун шуморост, вале ягон илоҷи корро ёбед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор