Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Чуни Ҳалимов ва ҳамроҳаш аз дар баромаданд, ман бо ишораи даст курсиеро ба мусоҳибам нишон додам.
- Шумо гумон доред, ки ман дар марги Сафо Боқӣ даст дорам?
- То ҷое, ки мо медонем, даст доред.
-Инро аввал собит намудан лозим. - Собит месозем, чун шуморо ба ин ҷо боздошта оварданд, мо маҷбур мешавем, ки шуморо муваққатан ҳам бошад, боздошт намоем. Фаромуш насозед, ки ин дафъа шумо на чун шоҳид, балки чун гумонбаршуда ба ин ҷо даъват шудаед.
Шумо ҳуқуқ доред, ки …
Ман оҳиста-оҳиста ҳуқуқҳои гумонбаршударо баҳри ў такрор намудам ва гуфтам, ки чун ҷиноят ҷинояти вазнин аст, мо ба шумо имконият медиҳем, ки аз ҳамин лаҳза баҳри хеш ҳимоячӣ гирад. Шумо метавонед худ ҳимоячиро интихоб намоед ё агар худатон танқисии молиявӣ дошта бошед, мо метавонем аз ҳисоби давлат баҳри шумо ҳимоячиро таъмин намоем.
Ман ба соати пушти дар нигоҳ намудам. Ақрабаки соат расо бистуякро нишон медод бинобар ин гуфтам:
-Чун бе ҳимоячӣ пурсидани худат бархилофи қонун мешавад ва ман намехоҳам ҳамин масъаларо дар суд шумо ба манфиати хеш истифода баред, аз ҳамин лиҳоз ман шуморо боздошт менамоям. - О, ин чӣ хел мешавад?
- Нағз мешавад, фардо бошад, суҳбатро дар ҳузури ҳимоячӣ давом хоҳем дод, - гуфтам ман ва гӯшаки телефонии дохилиро бардоштам.
-Навбатдори шуъба майори милиса Салимов гӯш мекунад. - Хоҳиш мекунам, ки дафтари протоколҳои боздоштшавӣ ва ду шахси холисро гирифта ба ошёнаи дуюм бароед.
- Хуб шудааст.
- О, ака, ин чӣ хел мешавад? Маро рост аз кӯча дошта, ба ин ҷо оварданд, дар хона зану фарзандам ҳатто хабар надоранд.
- Чун шуморо боздошт намоем, дар давоми бистучор соат прокурор ва ҳам аҳли хонаводаатонро низ огоҳ хоҳем кард.
- Ба номи Худо ман гуноҳе надорам.
- Гуфтам-ку, то фардо субҳ сабр намоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор