Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ба таври дигар гўем, Малика бо ин амали хеш «гуноҳҳои» хешро дар назди ҳамсари қонунии Сафо шустанӣ шудааст, ё кӣ медонад…
Маҳз ҳамин боронӣ шояд тариқи Боноз ба дасти Нигораи Собир расида…
- Ба кадом хотир?
Андешаҳои мухталифе чун гирдбод дар биёбонҳои Канъон, ки корвони тиҷорткунандаро баҳри раҳоии Юсуф ба сари чоҳе, ки ҳама медонистанд, ки обаш шӯр аст, овард, рўи монитори хотирам падид омад… - Ист!
Аз чӣ бошад, ки симои ҳамин ҷавонзане, ки ба қавли худаш дилаш дар он катакчаҳои бетонӣ бухс намуда буд, чун нуқтаи хурде дар як гӯшаи монитор пайдо шуд. - Наход Нигора? - қариб, ки бо овози нимшунаво гуфтам ман.
- Чаро не? - шунидам садои қалб хеш.
- Охир ў дугонаи Боноз аст.
- Хушнуди Замир ҳам дӯсти Сафо Боқӣ буд ё суханони Хусрави Раҳимро аз ёд баровардӣ?
- Не, он чӣ ки вай марди сӯзанхӯрда гуфт, то кунун дар гӯшам садо медиҳаду садо…
- Ўро, ки зану фарзандонаш ҳасту поси хотири намаки дӯсташро надошт, гумошта ҳастӣ, вале аз нафаре, ки мурғи озод ҳасту метавонист сари Сафо Боқиро сабз намояд, канораҷўӣ мекунӣ?
- Мо ба муқобили ў ягон далеле надорем, ба замми ин, ў худ иқрор шуд, ки дугонаи Боноз аст ва ҳатто то ҷое, ки ба ёдам ҳаст, ба дифои дугонааш бархест.
- Ӯ дигар чӣ ҳам мегуфт…
Маҳз ҳамин муколамаи нобаҳангом бо қалби хеш бандаро водор сохт, ки бори дигар аз кунҷи наздиктаре ба муносибатҳои Нигораи Собир ва Бонози Даврон нигоҳ намоям.
Албатта, то ба хулосаи аниқ омадан боз фарсахҳо роҳ буд, вале як чиз мусаллам буд, ки касе Сафо Боқиро аз «корнамоиҳои» ҳамсараш огоҳ намуда буд…
Ба ин мақом танҳо касе номзад шуда метавонист, ки аз асрори пасипардагии хонадон ба хубӣ бохабар буд ва аҷаб набуд, ки аз рўи мақоли халқӣ «аз рўи шонаю аз таг фона» амал накарда бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор