Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар рў ба рўи боғи марказӣ Абдурашид аз ман ҷудо шуд ва чун бегоҳ шуда буд, ман ба хона омадам..


Бозгашти Нигораи Собир аз Бадахшон ба нимаи дуюми рўзи шанбеи 27 декабр рост омад…
Дар ин бора аз шуъбаи милисаи дар фурудгоҳ буда тариқи телефон ба Ҳамид Ҷовид хабар доданд. Чун дар ҳамон лаҳзаҳо ман ҳамроҳи Тоҳир Додобоев бо супориши эшон аз пайи коре ба мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 11 рафта будем, сарвари ШКД ба фурудгоҳ лейтенанти калони милиса Абдурашиди Шарифро фиристодааст.
Абдурашид аз рўи салоҳияти хеш дар бинои милисаи дар фурудгоҳ буда ба чанд суоли хеш аз Нигораи Собир посух гирифта, бо ў дар ҳамон ҷо худоҳофизӣ намудааст.
Аз натиҷаи ин вохӯрӣ ман ва сардори бахши кофтукови ҷиноӣ қарибиҳои вақти шом баъди бозгашт аз мактаби дар боло зикраш рафта огоҳ шудем…
Дар нишондоди Нигораи Собир омада буд, ки боронии чармине, ки ҳоло ў ба бар дорад, дар моҳи сентябр ҳамсояаш Сафо Боқӣ ба маблағи сад доллари амрикоӣ аз Бишкек оварда будааст. Нигораи Собир ҳамучунин иброз намуда буд, ки ў сад долларро пеш аз ба Бишкек рафтан ба дасти худи эшон дода буд. Шояд ҳамин хоҳиши банда асос гардида буду худораҳматии Сафо аз Бишкек ду боронӣ овард ва боронии дигарашро баҳри ҳамсараш, омада буд дар нишондоди ҷавонзани осиёӣ, ки муддате дар соҳили дигари уқёнус ҳам буда…
Асли воқеа бошад, ба пиндори кунунии мо каме дигархелтар буд, чӣ хеле ки Маликаи Иброҳим ба саволи Абдурашид ҳамон бегоҳе, ки баҳри овардани аксаш рафта буд, посух гуфта, дар ҳақиқат Сафо Боқӣ баҳри Малика аз Бишкек чунин як боронии чармин оварда будааст, вале чун он ба тани Малика аз рўи калониаш шинам наомадааст, бо хоҳиши модари тифлаш ўро барои ҳамсари қонуниаш бурдааст ва ваъда додаст, ки даъфаи дигар ҳатман чунин боронӣ барояш хоҳад овард.

пешина
аз 441
навбатӣ