Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Чаро не?
    Ҳарчанд Бонози Даврон то кунун асрори дар назди духтур будани хеш ва шавҳарро паси ҳафт муҳр махфӣ медошт, вале ба гумон буд, ки баъди аз назди духтур баргаштан инони ихтиёр аз даст надодаву он ҳама рози пинҳон ба касе нагуфта бошад…
  • Дар бораи ҳамсари Боноз чӣ гуфта метавонед?
  • Инсони наҷиб буд.
  • Худи Боноз чӣ?
  • Чӣ Шумо аз ў гумонбаред?
  • Ман ин хел нагуфтам.
  • Нагуфтед, вале аз миш-миши гапатон маълум, ки чиро дар назар доред.
  • Дар атрофи ин қазия мо бояд ба ҳама саволҳои хеш ҷавоб ҷўем.
  • Ў дугонаи ман аст.
  • Агар дугонаатон намешуд, чӣ андеша доштед?
  • Намедонам…
    Аз чӣ бошад ҳамон нуқтаи хурди дар як гӯшаи монитор пайдошуда рафта чун доғи сиёҳе рўи оинаи монитор бигирифт ва оқибат анҷоми мусоҳибаи ману бону Нигораро ғайри ихтиёр боз рӯшан намуд…
    Аслан бухси дили одамро одам мебардорад ва аҷаб набуд, ки баъди аз назди духтур Раҳмоналии Маҳмуд баргаштан баҳри тасаллои дили хеш гапҳои аз забони табиб шунидаашро Боноз ба дугонааш нагуфта бошад…
    Агар дар ҳақиқат кор чунин ранг гирифта бошад, ин баробари он аст, ки «ба даҳони шахси мурда истода калимаи шаҳодатро арза медорӣ»…
    Нигораи Собир ҳарчанд дар пояи Малика набошад ҳам, вале ҷавонзани чор кас медидагӣ буд. Ў ҳамагӣ як сол аз Бонози Даврон хурд аст ва ба қавле «пирдухтар» шуда рафта…
    Баъди он чӣ ки ў аз забони Боноз шунид, чаро кӯшише ба харҷ надиҳад, то соҳиби бахт шавад.
    Муҳим он аст, ки ў тавонад бо далелҳои қотеъона хиёнати ҳамсареро, ки тайи ҳашт сол ҳаёти мардро сўхт ва инаш кам буд, ки боз худро ба оғўши дўсти ҳамин марди аламдида андохт, собит созад…
пешина
аз 441
навбатӣ