Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шояд боз ду ё се дақиқа изҳори муҳаббат намуда бошанд, аз он ҷо тарафи дигари роҳ як дақиқа вақт барои гузаштан кофист ва боз як дақиқа барои боз доштани таксӣ. Ҷамъи умумӣ биступанҷ дақиқа. Аз он ҷо бо таксӣ то кӯчаи Беҳзод на беш аз даҳ дақиқа ва ду дақиқа то пеши бино як дақиқа то ошёнаи панҷум. Як дақиқа барои кушодани дар агар сарф шуда бошад, аз рўи ҳисоб соат 2259 дақиқа мешавад.
“ Не, нашуд, - гуфтам ман.

  • Чаро? - нидо омад аз қалбам.
  • Чунки чароғҳо соати 2255 дақиқа хомӯш шуданд.
  • Ист!
  • О ман он шаб худам дар милиса будам.
  • Баъд чӣ шуд?” - савол додам ба хеш.
    Шамоли сахти ба тиреза бархӯрда бандаро маҷбур сохт, ки аз болои коғазҳои паҳлу парешон сар бардорам. Ғайриихтиёр чашмам ба соати калони деворӣ бархўрд. Ақрабаки соат 2250 дақиқаро нишон медод. Тайи ҳамин муддат шамол дубораю сеюмбора ба тиреза ангушт зад, ки фосилаи ҳар кадоми бархӯрии он ба шишаи тирезаи пушти сарам на камтар аз як дақиқа вақт буд. Баъди ин ман ҳама он коғазҳои дар пешам бударо бо тартиби муайян гирд оварда, дар сейф мондам ва аз ҷой бархестам, то чароғро хомӯш кардану дарро маҳкам намудан на камтар аз се-чор дақиқа вақт гузашт. Боз як дақиқа то ошёнаи якум фаромадам ва дар ҳоле, ки мехостам ба навбатдор худоҳофизӣ намоям, шамол бо тамоми қувва оварда дарро ба ҷояш зад ва баъди лаҳзае шояд баъди чанд сония чароғҳо хомўш шуданд, яъне аз лаҳзаи аввали ба тиреза бархӯрдани шамол то лаҳзаи хомӯшшавии барқ аз рўи ҳисоби банда на камтар аз ҳашт дақиқа сипарӣ шуд. Як дақиқа кам ё зиёд ин муҳлат метавонист ба ҳамон лаҳзае рост ояд, ки Сафо Боқӣ бо калид дари хонаи дар кӯчаи Беҳзод будаашро тоб диҳад, яъне ў дар равшанӣ калидро ба сурохии қулф гузошта онро тоб додааст ва баъди ин …
    Ана ҳамин буд, посух ба ҳамаи он муаммое, ки қариб як моҳ боз ба он ҷавоб меҷустем ва онро аз рўи дақиқаю сония дар асоси нишондоди Маликаи Иброҳим мантиқан тарҳрезӣ намудем. Ҳамин нишондод, кофӣ буд, ки мо онро баҳри Малика чун алибии бегуноҳиаш қабул намоем ва номи ўро аз рўйхати гумонбаршудагон умуман хат занем…
пешина
аз 441
навбатӣ