Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ҳаргиз не. Мисли оне, ки намади сиёҳ бо шустан сафед нагардад. Акнун агар нафаре ҳам талабгораш шавад, аз забони бадгўён хоҳад шунид, ки агар ў инсони нағз мебуд, хонаеро вайрон намекард ва бубинед, ки оқибат ҷазои ин амали хеш гирифту кӯрпаи бевагиро ба сар кашид, ё гови гӯсоладор ба кӣ лозим…
Ҳарчанде ман худ нашунидам, вале Нӯшин гуфт, ки Малика бар он ақида аст, ки Сафо Боқӣ мехостаст ҳамсари қонуниашро аз мерос маҳрум созад…
Бубин, Малика ҳатто аз мавҷудияти дӯсти Сафо Боқӣ, Хушнуди Замир хабаре надоштааст, чаро?
Ман хеле кӯшидам калиди ин муамморо дарёбам, вале ин амал ба банда даст надод ва маҷбур шудам суҳбати дирўзаи хеш ва Нӯшини Азизро болои монитори хотир барорам…
«…Ба ростӣ, Сафо кӯшиш мекард, ки бандаро аз нигоҳи дўстонаш эмин дорад. Ман борҳо ба ў гуфтам, ки чаро дар вақти никоҳ ягон дӯсташро наовард ва чаро ў ягон дўсте надорад, вале ба ҳама саволҳои хеш посухе, ки аз он қаноатманд шавам, нагирифтам».
Малика ҳатто инкор накард, ки бори охирин кай ҳамроҳи Сафо будааст ва агар ў дар марги падари тифли дар батнаш буда манфиатдор мебуд, ҳаргиз аз паноҳгоҳ намебаромад…
“Шаби пеш аз маргаш ҳам ў ҳамроҳи ман буд. Мо то соати 2230 дақиқа дар тарабхоаи «Авесто» будем. Сипас ў маро то пеши ҳамон телефон-автомате, ки ба шумо занг задам, гусел намуда гуфт, ки агар корҳояш омад кунанд, баъди ду-се рўз аз Боноз ҷудо мешавад…»
Стоп!
- Кадом корҳо…
«Ў ба тарафи дигари роҳ гузашта таксиеро боздошта ба самти ғарб рафт…»
Ман маҷбур шудам, ки қаламро болои лисон равон созам.
Соати 2220 онҳо аз тарабхонаи “Авесто” баромаданд.
То кӯчаи «Озодии занон» рафтан 15 ё 18 дақиқа пиёда. Аз эҳтимол дур нест барои дилдодагоне, ки суҳбат карда мераванд, ду дақиқа вақти дигар сарф нашавад. Дар он сурат онҳо баъди бист дақиқа дар пеши он телефон-автомат буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор