Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҳамин лиҳоз ман акнун ба хулосае омадам, ки сарчашмаи хабар зан аст ва аҷаб не ки ў худашро чун номзад ба ҳамсари ояндаи Сафо Боқӣ нахонда бошад.
Маҳз ҳамин назар аз нигоҳи мантиқ дурусттар меомад, чунки Боноз тайи ҳашт соли зиндагӣ Сафо Боқиро хушбахт накард. Ба замми ин, аз доираи ахлоқ берун по ниҳоданаш худ як зарбае буд, ба рукнҳои оиладорӣ.
Шояд Сафо Боқӣ ба ў низ бовар накард, мисли он ки ба Хусрав Раҳим ҳам бовар накард, вале сад макр шайтон шогирди занон бошад ва албатта он зане, ки чашми Сафоро ба хиёнатҳои ҳамсараш кушодаасту худ боиси маломат гардида, албатта гуфтагист, ки «ту мард не, латта будаӣ ва агар бовар надорӣ раву бубин”...
Мегўянд, ки «деворро об вайрон мекунаду одамро гап” ва баҳри бастани даҳони бадгў дар асоси нишондоди «дӯсти хонадон» ў худ ба ҷойи таъиншуда рафтааст…

  • Шояд Малика? - нидо омад аз қалбам.
  • Ба гумон аст, - гуфтам ман.
  • Чаро?
  • Чунки Малика кайҳо мақоми бонуи аввали хонадонро соҳиб шуда буд, ба қавле ў акнун маликаи аслии хонадони Сафо Боқӣ буд ва малика низ чун султон мақому манзалати хешро дорад…
    Шиносоии Малика бо банда таърихи на беш аз дурӯза дошт ва ҳамин вохӯрии кӯтоҳ ҳам басанда буд, ки ман ўро муддате дар хотир нигоҳ дорам…
    Ҳатто аз дидани акси ў ин субҳ Умеда инони ихтиёрро аз даст дода, аз рашк чӣ моҷарое барпо накард. Новобаста аз ҳамаи ин Малика ба андешаи банда меваи шохи баланд буд. Ў дар зебогӣ аз маликаи Миср Клеопатра монданӣ надошт ва шояд чун Гурдофарид духтари ҷасур ҳам буд. Ҳамаи ин худ шаҳодати он буд, ки Малика ҳаргиз аз марги Сафо манфиатдор набуд ва тақдири Худовандро бубин, ў ки ҳанўз ба нуздаҳ надаромада падари тифлашро аз даст дода, номи беваро гирифт. Дигар ў он Маликае нест, ки даҳҳо талабгор дошта бошад. Ў ҳатто имконият дошт, ки аз ҷанини дар батнаш буда халос шавад ва асрори шавҳар доштанашро пинҳон дорад, вале баъди ҳодисаи ба сари Сафо омада ў худро ошкор сохт ва ба нафрати баъзеҳо дучор шуд. Албатта, баъди чанд соат модару бобояш ҳам аз асли воқеа огоҳ шуда, ўро мебахшанд, вале магар доғеро, ки худ дар пероҳанаш гузоштааст, шустан мумкин аст?
пешина
аз 441
навбатӣ