Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин бармеояд, ки ў умуман дар бораи Маликаи Иброҳим хабаре надоштааст.
Бархилофи Малика ҳайкалчаи файласуфи юнонӣ ба ў маъқул набудаст ва хоҳиши партофтани онро намудаст. Дар он манзил мондани ҳайкалчаро ба ақидаи кунунии Боноз худи Сафо Боқӣ сабабгор шудааст, вагарна бонуи хонадонаш онро «Бут» ҳукм намуда мепартофтааст.
Тайи он вохўрӣ ва вохӯрии минбаъда, ки Бонози Даврон худ ба дафтари кори банда ташриф оварду огоҳам сохт, ки тайи дусе рўзи охир ягон панҷ нафар саҳмиядор омада ўро озор додаанд, боре ҳам нагуфт, ки духтур баъди ташхис ба онҳо маслиҳати ҷудо шуданро дода буд,чаро?
Маҳз ҳамин ҳолат ба фоидаи ў набуд.
Бонози Даврон ба тафтишот хурдтарин ҷузъиёти зиндагиашро ифшо намуд, вале нагуфт, ки шавҳараш аз Бишкек барои ў ва дугонааш Нигораи Собир боронии чармини сиёҳ оварда буд.

  • Дугонааш-ку, он тараф истад, ў ҳатто ба забон наовард, ки чунин боронӣ дорад. Ҳарчанд мо ҳангоми кофтуков дар манзили ў чунин борониро надидем.
    Маҳз ҳамин ҳолатҳо асос шуданду ҳамсари қонунии Сафо Боқӣ баҳри тафтишот чун гумонбаршудаи рақами як то кунун боқӣ монд. Новобаста ба он ки тафтишот то кунун баҳри ҳабси ў далелҳои кофӣ надошт.
    Тафтишот чунин нуқтаи назарро дастгирӣ мекард, ки Сафо Боқӣ мехост ҳамсарашро ба хиёнат гунаҳкор созад. Шояд барои ба чунин амал даст задан ў далели раднашавандаеро дар даст дошт, вале чун ба ҳамсараш боварӣ дошт, ки он ҳама шунидаҳояшро ба ивази як дона ҷав қадр накард. Шояд ҳамин амалаш боиси изтироби сарчашмаи хабар гашт ва ў эшонро огоҳ намуд, ки агар бовар надорӣ, раву бубин. Аз ин бармеояд, ки манбаи асосии хабар бо Бонози Даврон ниҳоят наздик аст ва ўро чӣ нияте дар дил буда мо намедонистем, мисли он ки мо намедонистем, ки ў кист?
    Акнун ба ин савол Бонози Даврон ҳам ҷавоб гуфта метавонист, вале то замоне, ки ў боздошт нашуда буд, ба гумон буд, ки ин пардаи асрорро боз намояд.
    Ба пиндори кунунии банда сарчашмаи хабар аз тамоми асрори хонадони Сафо Боқӣ хабардор буд, ба ҷуз оне ки Сафо Боқӣ кайҳо бо дигаре ақди никоҳ бастаасту аз ў ба дунё омадани меросхӯреро интизор аст.
пешина
аз 441
навбатӣ