Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

мо мехост ба тафтишот ёрӣ диҳад, бехабар аз он ки бо ин амалаш худро ба доми бало меандозад, он нақш аз гушаки телефон автомати рақами 228 аз кӯчаи «Озоди занон»
бардошта шуда ба ташхисгоҳ фиристода шуд ва дар муқоиса бо нақши сеюми дар ҳайкалчаи Суқрот гузошташуда рост омад.
Дирўз ҳангоми вохўрии мо дар дафтари кори муфаттиши прокуратура Маликаи Иброҳим худ иқрор шуд, ки ў боре дар кӯчаи Беҳзод 17, ҳамроҳи Сафо Боқӣ буд ва ҳатто он ҳайкалчаро , ки Сафо ба ў тақдим намуд, ба даст гирифт, вале бо сабабҳои муайян онро ба ҳавлиаш набурда, бурдани онро ба дигар вақт монд, бехабар аз он ки маҳз ҳамин ҳайкалча яке аз сабабҳои марги падари фарзанди дар батнаш буда мегардад.
Ҳамчунин Малика худ иқрор шуд, ки аз телефон-автомати рақами 228-и кӯчаи «Озоди занон» ў ба Сорбони Ҳомид занг зада буд… Ҳарчанд нақши ангуштони вай ба таври расмӣ ба ташхисгоҳ фиристода нашуда буд, вале бо боварӣ гуфтан мумкин буд, ки бо фиристодани он нақшҳо ба таври расмӣ дар рафти кунунии тафтишот дигаргунии куллие ба вуҷуд намеомад…
Малика гуфт, ки рўзи душанбеи 24-уми ноябр бори аввал пой ба хонаи дар кӯчаи Беҳзод буда ниҳодааст ва умед доштааст, ки то таъмири пурраи ҳавлӣ дар кучаи Назаршоев , кӯчаи Беҳзод чун вохўрии доимии онҳо хоҳад шуд, вале…
Шаби 27 ба 28-умии ноябр касе бо ҳамин ҳайкалча ба сари Сафо Боқӣ зарба задааст, ҳарчанд аз рўи хулосаи ташхисгоҳи тиббӣ он зарба асоси ба ҳалокат расидани ў шуда наметавонист. Аз ин бармеояд, ки он зарба ҳам «маҳсули»
дасти ҳар яке аз занони ў буда метавонад…
Акнун аз мавқеи доштаи ҳар яке аз ин ду зан ба рафти ҳодиса нигоҳ кардан лозим меомад.
Чун дар ҳама ҳолат қонун никоҳи расмиро дастгирӣ мекунад, ҳамсари қонунии Сафо Боқӣ-Бонози Даврон бе ягон озмун ба сархати довталабон баромад.
Бонози Даврон зани бистушашсола буда, ҳашт сол боз дар қайди никоҳи Сафо Боқӣ буд ва чӣ хеле ки худи ў дар суҳбати аввала бо ман иброз дошт, дар ҳама дастовардҳои ҳамсар саҳми ў низ назаррас будааст. Ў ҳатто ба саволи банда, ки шояд Сафо маъшуқаи дигаре дошт, ҷавоби инкор дода, гуфт, ки ҳамагон шоҳиданд, мо орому осуда зиндагӣ мекардем ва ман баҳри чунин андешаҳо асосе надоштам.

пешина
аз 441
навбатӣ