Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Аз он ки каминаи камтаринро дар ин сари субҳ ба ёд овардаед, сипосгузорам.
  • Баъди вохўрии дирўза бо Малика ман то кунун ба худ наомадаам ва донистан мехостам, ки оё шумо он домуллоро ёфта пурсидед?
  • Метавонед осуда бошед.
  • Хоҳиш мекунам, рӯшантар карда гап занед.
  • Дар суханони Малика заррае муболиға нест, баръакс, ҳар он чӣ ки ў гуфт қатрае аз баҳр аст.
  • Миннатпазирам.
  • Барои модару бобои Маликаро аз ин амали духтар ва набераашон шинос намудани ман Ҳоҷи Карим ва чанд тан аз ҳамсояҳоро, ки дар маҳфили ақди никоҳ ҳузур доштанд, дар нимаи дуюми рўз ба ин ҷо ҷеғ задам. Умед ба он мебандам, ки зеботарин бонуи прокуратура ҳам дар ин вохўрии тақдирсоз бо мо ҳамроҳ мешавад.
  • Чаро не, ба номи Худо қасам, ки қиссаи Малика аз қиссаи Лайлию Маҷнун камие надорад.
  • Сипосгузорам, чун ҳама гирд оянд, ман ба шумо занг мезанам.
  • Ташвиш накашед, соаташро гўед, ман худам дар вақташ меоям.
  • Соати чордаҳ.
  • Дар амони худо бошед, - гўён Нӯшин гӯшакро ба ҷояш монд.
    Банда баъди гузоштани гӯшак ба курсии мулоим такя намуда, сари ҳодисаҳои қариб як шабонарўзи охир андеша намудам…
    Ташхиси тиббӣ хулоса бар он гуфт, пеш аз марг касе бо ҷисми сахту кунде ба сари Сафо Боқӣ зарбаи сахт задааст.
    Ташхиси биологӣ аз ҳайкалчаи ба ташхисгоҳ фиристодашудаи Суқрот зарраҳои хурдтарини хун ва мўйро дарёфта, онро дар муқоиса бо хуну мўи марҳум аз рўи хусусиятҳои индивидуалиашон ба Сафо Боқӣ мансуб донист.
    Ташхиси дактилоскопӣ аз он ҳайкалча нақши ангуштони се нафарро пайдо намуд, ки дар муқоиса аз рўи хусусиятҳои индивидуалишон яке аз он нақшҳо ба худи марҳум ва дигараш ба ҳамсари қонунии вай Бонози Даврон тааллуқ доштанд.
    Нақши ангуштони сеюм муддате баҳри тафтишот номаълум буд, вале баъди занги телефонии зани номаълум, ки ба ақидаи
пешина
аз 441
навбатӣ