Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Хок бар сари ҳардуяш бигў, ки акси ин фоҳиша чаро дар ҷайби туст?
  • Мо ўро ҷустуҷў дорем, - ин даъфа дурўғ гуфтам ман.
  • Чӣ?
  • Гуфтам-ку, мо ўро ҷустуҷў дорем.
  • Барои кадом гуноҳаш, шояд ў духтари сабукпост?
  • Ўро дар марги Сафо Боқӣ гумонбаранд.
  • Аз дасти чунин худозадаҳо (ў бори дигар ба акси дар дасташ буда нигарист) ҳар кор меояд.
  • Ту бошӣ қариб девона шудӣ, наход гумон созӣ, ки шавҳарат аз пайи кадом як Маликае рафтааст?
    -Шаби ҷудоии ту. Рўзи вопасини ман аст, - гуфт Умеда ва расми дар дасташ бударо рўи бистар партофта, аз хонаи хоб баромад.
    Баъди ним соат мо ҳар се (ману Умеда ва Расул) сари дастурхон нишастем. Ҳарчанд Умеда аз асп ҳам фаромада бошад, ҳанўз пой аз рикоб нагирифта буд. Чун Расул ба берун рафт, ман гуфтам:
    -Баҳри оромии дилат метавонӣ ҳамин расмро гирифта ба милиса равӣ ва, албатта, онҳо ба ту ҳақиқаташро хоҳанд гуфт.
  • Кадом ҳақиқатро?
  • Бо гӯши хеш хоҳӣ шунид, ки Малика мавриди ҷустуҷўи милиса қарор дорад ва аминам, ки аз ҷайби ҳар як милисаи бо ҳодисаи дар кӯчаи Беҳзод рух дода вобаста буда чунин аксро хоҳӣ дарёфт…
  • Маро бубахш, - ниҳоят гуфт Умеда ва бо табассуми малеҳе боз дасташро болои ишкамаш монд, то бубинам, ки мо киро интизорем…
    «Дурўғи мслиҳатомез, беҳ аз рости фитнаангез», гуфтанӣ мардумро ҳам шояд сабабе будааст…

Дарро кушода пой ба остонаи дафтари кориам гузошта будам, ки занги телефон садо дод. Боз ду-се қадам гузошта, дар ҳоле ки ҳанўз имконияти ба курсӣ нишастан наёфта будам, гӯшакро бардошта гулӯ рӯшан намудам.

  • Саломи субҳгоҳӣ, Сорбон-ака.
  • Салом, Нӯшинбону, ин шумоед?
  • Хеле шодам, ки акнун бандаро ҳоҷат ба муаррифӣ нест.
пешина
аз 441
навбатӣ