Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

саргузашти дирўзаи Маликаи Иброҳимро пеши назар овардам…
-Чӣ ба гӯшҳоят пунба гирифтаӣ, ки намешунавӣ? Ман аз ту пурсида истодам, ки туро бо ин фоҳишае, ки аксаш болои дилат буд, чӣ иртиботест?!
Хоҳӣ, ки дили дилбари ту гарм шавад, Аз парда бурун ояду бешарм шавад, Зорӣ макуну ғам махӯру зар бифирист, Зар бар сари фӯлод ниҳӣ, нарм шавад?
-гуфтам ман.
Дар ҳоле ки ҳанўз чашмонамро накушода будам ва бо ин амали ноҷои хеш ғазаби ҳамсарамро дучанд намудам.

  • Эй заррат аз сарат монад! Шарм накарда боз чунин суханҳоро мегўӣ! Эй мурданат беҳ, даҳ сол шуд аз ту зар надидам, акнун мебинам ё шояд зарҳоятро пойандози қудуми ҳамин фоҳиша карда бошӣ?
  • Ба ту чӣ шуд, занак? Наход шарм накарда дар ҳамин сари субҳ …- чашм кушода гуфтам ман.
  • Чаро ман шарм мекардам? Чӣ, маро бо марди бегонае дидаӣ, ки шарм кунам? Чаро гиребони худро намебўӣ? Рафту агар Расул фаҳмад, чӣ мегўяд? Боз мегўям, ки ин фоҳиша кист, росташро, гўӣ, вагарна худам ба ҷойи корат рафта шармандаат месозам!
    Дар тӯли зиндагӣ бори аввал Умедаро бо чунин аҳвол медидам, ва қаҳру ғазаби ӯро интиҳо набуд. Дар ваъияти ногувор ҳам бошам, лаҳзае Бонози Давронро пеши назар овардам ва агар ў ҳусну ҷамоли Маликаро дидаву хабар дошт, ки Сафо бо ў аҳди никоҳ бастааст, офарин, ки девона нашудааст. Агар ман мефаҳмидам, ки Боноз аз ҳастии Малика огоҳ буд, новобаста аз он ки тафтишот аз ў гумонбар аст, банда ба қавли бону Нӯшин кулоҳ аз сар пешаш мегирифтам.
  • Ба ту чӣ шуд? - Ниҳоят аз бистар бархоставу хостам модари Расулро ором созам.
  • Ба ман нарас! - худро қафо кашида гуфт Умеда ва ба ростӣ ман дидам, ки ў ақлашро аз даст дода истодааст.
    -Ту чӣ девона шудӣ? Наход гумон созӣ, ки …
  • Аёнро чӣ ҳоҷати баён, чаро ин аксро болои дилат гузоштӣ?
    Ӯро чӣ номест?
  • Малика. Ў набераи полковник Ҷумъаи Зокир аст?
пешина
аз 441
навбатӣ