Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Гуфт, домулло оё нашунидаӣ, ки мардумон мегўянд, “зани шавҳармурдаро пуф карда бигир,61 зани шавҳарсардодаро туф карда”…
- Ҳарчанд ман ба ў фаҳмондам, ки асп дар таги пойи худат налангад, вале суханам ба гӯши Сафо надаромад, ки надаромад.
Тахминан баъди ду ҳафта ў боз ба назди ман омада гуфт, ки домулло, пойбанди духтараки маҳҷабине шудам ва қиссаи шиносоии хешро бо Малика, ки дар кӯчаи «Озодии занон»
зиндагӣ доштааст, нақл кард ва гуфт, ки акнун вақти он расидааст, ки ман аз Боноз ҷудо шавам, вале боз худи ман ўро аз он роҳ боздошта гуфтам, ки дили духтарро дарёбаду бо ў ақди никоҳ бандад ва чун бифаҳмад, ки духтар ҳомиладор шуд, дигар ихтиёр ўрост.
«Кори хона ба бозор рост наояд», гуфтагӣ барин дар ҳамин ҷо мушкили дигаре пеш омад. Падари Маликабону муддати се сол дар Русия буд, модар ва бобояш мутлақо зидди издивоҷи Малика бо марди оиладор. Худи Малика бошад, гумон дошт, ки Сафо марди булҳавас асту ўро байни роҳ мемонад. Боз дар ҳамин ҷо ҳам ман маслиҳатдиҳандаи Сафо шудам ва бо тавсияи банда ў худ дар ҳамин кӯча барои Малика як ҳавлии калон харид…
Маҳз ҳамин амал сабаб шуду Малика пинҳонӣ аз бобою модараш (бояд гўям, ки дар он маҳфил тағояш Шодмон, ки қариб ҳамсоли худи ў буд, иштирок кард) бо никоҳи мусулмонӣ худро таслими Сафо писархонди мо намуд.
Афсўс ки ўмр ба ў вафо накард ва банда дар ҷанозаи вай иштирок кардаву ашк рехтам. Ҳайфи ҷавонмард ва агар бандаро дигар ба зери дор ҳам баранд, армоне надорам, чунки Сафо медонист, ки Маликабону баҳраш нишонеро аз зиндагӣ хоҳад овард…
Дишаб ман баъд аз пурсиши Ҳоҷӣ Карим боз бо чанд тан аз сокинони он маҳалла суҳбат намудам ва ҳамаи онҳо Сафо Боқиро ҷавонмарди нек ва бонуи ў Маликаро инсони наҷиб арзёбӣ намуданд…
Дер ҳам бошад, ман бо таъби болида ба хона омадам ва акнун дар ҳоле ки Умеда мақсади шунидани далелҳоро дошт, дар замоне ки ман ҳанўз чашм накушода будам, бори дигар
Пуф – ба маънои навозиш омада.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор