Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

солҳои якҷоя бо ҳам зиндагӣ намудан боре ҳам ман баҳри рашки Умеда асосе «фароҳам» наоварда будам.
Имрўз бошад, ў ба қавле «дуздро дар обмурӣ дошта буд».
Мегўянд, ки «қанд ҳам хурдӣ дам мазан, фанд ҳам хурдӣ дам мазан» ва акнун ман аз нигоҳи хеш ҳамон марди фиребхўрда будам ё ба қавли Нӯшини Азиз «на хурда, на бурда, бигирад дарди гурда»… Муфаттиши прократура ин суханро се ҳафта пеш дар ҳоле ки аз рўи шикояти Бонози Даврон моро прокурор Аҳмад Шарифов ба наздаш хонда буд гуфта буд, вале аз хунукназарӣ ман худро ҳамон субҳ ба гирдоби бало тела дода будам. Ҳама гап дар сари он буд, ки дирўз баъди аз прокуратура омадан ман Абдурашиди Шарифро бори дигар ба назди Маликаи Иброҳим фиристодам ва баъди ним соат ў акси Маликаро бо худ овард. Ба дерии вақт нигоҳ накарда ман он аксро бо худ гирифта, ба кӯчаи Назаршоев рафтам ва Ҳоҷӣ Каримро ёфта, он аксро ба ў нишон дода гуфтам, ки оё домулло боре ҳам бо ҳамин духтаре, ки акнун аксаш дар дасташ ҳаст, рў ба рў шудааст ё не?
- Ин кас келини ман Маликабону, - бе ягон истиҳола гуфт Ҳоҷӣ Карим.
- Чӣ хел келинат?
- Маро Сафо ном писархонде буд ва дар аввали моҳи июн банда худам хутбаи никоҳро хонда Маликабонуро пайванди ў намудам.
- Магар шумо аз қонуну қоидаи давлат бехабаред?
- Шуморо мефаҳмам. Манзуратон бод, ки худораҳматии Сафо ҳашт сол боз бо Боноз (ҳамсарашро чунин ном аст) зиндагӣ карду садои тифл дар хонадонаш танинандоз нагашт.
Сипас онҳо, ба духтур муроҷиат намуданд ва духтур ба онҳо тавсия додааст, ки агар аз ҳам ҷудо шуда, бо дигаре оила бунёд намоянд, соҳиби фарзанд хоҳанд шуд. Дар ин бора Сафо ба ман муроҷиат намуда гуфт, ки мехоҳад аз ҳамсараш ҷудо шавад, вале ман ба ў тавсия додам, ки беҳтар он аст, ки пинҳонӣ бо дигаре ақди никоҳ бандад ва чун бифаҳмад, ки айб дар худи ў нест, пас аз ҳамсари аввалааш ҷудо шавад. Барои ин ман ҳатто ба ў номзаде ҳам ёфтам, ки модари як фарзанд асту аз шавҳараш ҷудо шуда. Медонед, Сафо чӣ гуфт? - пурсид Ҳоҷӣ Карим. - Аз куҷо донам? - гуфтам ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор