Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Чунки хабар ҳанўз пурра нест.
- Нафаҳмидам?
- Оне ки чун шоҳид мегузарад, яъне он ки боронии дуюм насибаш гаштааст, ҳоло дар шаҳр нест
- Пас ӯ дар куҷост?
- Дар Бадахшон ба аёдати волидайнаш рафтааст.
- Чаро тариқи телефакс ҷеғ назадед?
- Чунки ў худаш бояд баргардад. Ба замми ин, мо мехоҳем ўро бо ҳамон бороние, ки аз Бишкек баҳраш тухфа овардаанд, бубинем. Танҳо вай метавонад шоҳидӣ диҳад, ки Бонози Даврон ҳам чунин боронӣ дорад.
- Рафту Боноз кайҳо он борониро фурўхта бошад-чӣ?
- Чунин ҳам шуданаш мумкин аст, вале мо танҳо баъди гирифтани нишондоди дугонааш ба ў фишор оварда метавонем.
- Дар ин бора аминам, ки ба дидбонгоҳҳои БДА хабар додаед?
- Ў тариқи ҳавопаймо рафтааст ва бозгашташ ҳам тариқи ҳамин намуди нақлиёт дар назар аст. Дар ин бора ба милисаи дар фурудгоҳи шаҳрӣ буда номаи расмӣ фиристода шудааст.
- Ба анҷоми некии кор умед мебандем.
- Иншооллоҳ.
- Хоҳиш мекунам, ҳарчӣ тезтар он домуллоро ёфта, сари гуфтаҳои Малика рӯшанӣ андозед.
- Метавонед осуда бошед, - гуфтам ман ва рухсати рафтан пурсидам.
- Дар амони Худо бошед.
- Ҳудо ҳофиз, - гўён ман аз дафтари кори Нӯшини Азиз баромадам…
60 Васфи фирдавс зи тасвири каломаш бишнав
- Ин акси кист, туро бо ў чи пайвастагиест, ки онро дар ҷайбат болои дилат нигоҳ медорӣ?…
- Ана бо ҳамин навои «хуши» Умеда субҳи рўзи панҷшанбеи 24-уми декабр банда аз хоб бедор шудам. Ҳанӯз чашм накушода ман фаҳмидам, ки гап дар куҷост. Ҳарчанд тайи
Сухан аз Ҷунунӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор