Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Пас ин ҳама нигарониатонро сабаб чист?
  • То ҷое мо иттилоъ гирифтем, дар сафари моҳи сентябр ба Бишкек Сафо Боқӣ ду борони чармини сиёҳ оварда будааст.
  • Мо гуфта киро дар назар доред?
  • Милисаро.
  • Агар банда кулоҳ медоштам, онро ба хотири корнамоиҳои шумо зери қудуматон нисор мекардам.
  • Хоҳиш мекунам бандаро бардор – бардор накунед.
  • Уклонение от похвалы – это просьба повторить её,59- бо як ҷиддияти том гуфт Нӯшин.
  • Наход шумо гумон намоед…
  • Ин ҳолатро таҷрибаи зиндагӣ собит намудааст ва хоҳиш мекунам дар ин бора баҳс накунед.
  • Чӣ илоҷ.
  • Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки он ду боронӣ насиби кӣ гаштааст?
  • Аз рўи иттилои мо яктои он борониҳо насиби ҳамсари қонунии вай ва дигараш насиби дугонаи ҳамсари қонуниаш.
  • Насиби Малика чӣ?
  • Ба ин савол танҳо Малика ҷавоб дода метавонад.
  • Шумо дидед, ки хонаи ба номи Малика харидаи ў чӣ нарх дошт?
  • Ба фикрам дусаду панҷоҳ ҳазор доллар.
  • Дар асл шояд он хонаро нархи бештарест.
  • Баҳс намекунам.
  • Модоме ки Сафо Боқӣ чунин маблағро нисори қудуми бонуи дуюми хеш намудааст, пас чӣ мушкилие дорад туҳфа намудани як боронӣ.
  • Ба ҳар ҳол ба ин савол ҳарчӣ тезтар ҷавоб гирифтан лозим..
  • Магар касе садди роҳи шумо шудааст?
  • Не, албатта.
  • Пас чӣ ҷои таассуф?
  • Инаш рост. Чун Абдурашидро баҳри овардани расм фиристам, хоҳиш мекунам посухи ин суолро ҳам биёрад.
  • Гуфтед, ки як боронии овардаи Сафо насиби ҳамсари қонуниаш гардида.
  • Аз рўи хабари гирифтаи мо чунин аст.
  • Пас чаро ўро ҷеғ зада напурсидед?

Саркашӣ аз шунидани таъриф – ин хоҳиши такрори он аст.

пешина
аз 441
навбатӣ