Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

-Ҳар қадар расмро тезтар биёред, ҳамон қадар банда тезтар аз пайи ин кор хоҳам шуд.

  • Сипосгузорам, - гуфт Малика ва ваъда дод, ки субҳи фардо расмашро хоҳад овард.
  • Беҳтар мебуд, ки худи ҳамин бегоҳ ўро ба дасти шогирди банда медодед.
  • Ба дасти ҳамоне ки маро ба ин ҷо фиристод .
  • Ҳа, дарвоқеъ, нагуфтед, ки ў чаро наомад?
  • Инро беҳтар мешуд, ки аз худаш мепурсидед?
  • Албатта, мепурсем.
  • Шояд ба ман акнун рухсати рафтан диҳед?
  • Рафту агар лозим шуда монед, боз шуморо ҷеғ мезанем,- гуфт муфаттиш ва ба Малика рухсати рафтан дод.
  • Чӣ даҳшате, - гуфт. Нӯшин баъди рафтани Малика.
  • Зиндагӣ оинаро муҳтоҷи хокситар кунад.
  • Дарду доғи дили Маликаро ҳисобаш нест. Ҳа, воқеъан, вақте ки шумо моро танҳо гузоштед, ў чун зан ба як саволи ман посух гуфт.
  • Шуниданаш мумкин.
  • Чаро не?
  • Хуш бошад.
    -Малика бар он ақида аст, ки Сафо мехост ҳамсари қонуниашро аз мерос маҳрум созад ё амсоли ин.
  • Аздусар ҳангоми ҷудошавӣ ҳам нисфи молу мулки ў ба таври қонунӣ ба номи ҳамсараш мегузашт.
  • Ман ҳамин чизро ба Малика фаҳмондам, вале ў гуфт, ки Сафоро чӣ нақшае дар сар буд.
  • Оё напурсидед, ки шояд ҳамон нақша ўро ба ҳалокат нарсонида бошад?
  • Пурсидам, вале Малика посухи дурусте гуфта натавонист.
  • Яъне Малика аз хиёнати Бонози Даврон хабар надорад.
  • Ба фикрам, надорад.
  • Мо пурсидани як чизро форомуш намудем.
  • Чиро?
  • Напурсидем, ки оё Сафо аз Бишкек барои вай чӣ туҳфае овард?
  • Шояд ягон тухфа овардагист, магар ин ба рафти тафтишот чӣ алоқае дорад ё шумо аз Малика гумонбаред?
  • Ман акнун мефаҳмам, ки ботини Малика чун зоҳираш зебост.
пешина
аз 441
навбатӣ