Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ў хандида гуфт, ки агар суханашро рад намоям, ҳамон хел осонаке, ки ба донишгоҳ дохил шудам, ҳамон тавр осон бандаро аз он ҷо хориҷ хоҳанд кард.
    Ман бошам, ба ҳоли ў қоҳ-қоҳ зада хандидам. Ў гуфт, ки чӣ механдӣ? Гуфтам, ки акнун ман ба ту ҳам сарам ва ҳам сарбора.
    -Нафаҳмидам, гуфт ӯ.
  • Ман ба ў фаҳмондам, ки сарторик шудаам. Шумо бовар намекунед, ки ман дар он лаҳза чиро дидам.
    -Чиро?
  • Гиряи мардро. Он лаҳза хеҷ аз пеши назарам дур намешавад гуфт,-Малика ва худ низ бори аввал инони ихтиёрро аз даст дода гиря кард. Аҳволи ўро дида, ман аз дафтари кори муфаттиш берун шудам. аслан мисли оне, ки бандаро нисбати бобои Ҷумъа ғуборе дар дил набуд, нисбати наберааш ҳам чунин шуд. Дили ман ба ҳоли зори ин зани муштипар сўхт ва ба худ қавл додам, ки он домулло ва мардуми маҳаллаи кӯчаи Назаршоевро ёфта, ҳақиқатро рўйи об барорам ва Маликаро аз ин варта берун орам. Тахминан баъди понздаҳ дақиқа ман дубора пой ба остонаи дафтари муфаттиш гузоштам ва чашмони аз гиря варамкардаи Маликаи Иброҳимро дидам.
  • Ба Маликабону ман дигар саволе надорам, агар саволе доред марҳамат, вагарна ба ў рухсати рафтан диҳем, гуфт Нӯшин.
    -Саволи ман ба парвандаи ҷиноӣ ягон мансубияте надорад, вале шумо худ шоҳид, ки ман ба Маликабону ваъда додам, ки бо модар ва бобояш суҳбат хоҳам кард.
  • Дар ёдамон ҳаст, - гуфт муфаттиш.
  • Барои ҳамин ба ман номи он домулло ва маҳаллаи зисташро гўяд, то банда бо ў ва онҳое, ки дар маросими никоҳ ҳузур доштанд суҳбат намоям ва рафту лозим шуда монад, онҳоро бо модар ва бобои Малика рў ба рў намоям.
  • Зид нестам, - гуфт муфаттиш.
    Домуллоро ҳоҷӣ Карим ном буд. Гумон мекунам, ки дар он маҳфил киҳо иштирок доштанд, ў худаш медонад.
  • Баҳри ин кор ба ман як расми шумо ҳам лозим аст, аминам, ки ў шуморо дидааст.
  • Дар он маҳфил ба ҷуз арӯс будан, ман худ соҳибхона будам ва эшонро чун соҳибхона хайрамақдам гуфтам.
пешина
аз 441
навбатӣ