Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ду рўз пас ман аз ҳодисаи ба сари ў омада огоҳ шудам, чунки вай бояд худаш занг мезад.
- Яъне, ки шумо Хушнуди Замирро намедонед?
- Бори аввал чунин номро мешунавам.
- Дар он хонае, ки шумо будед, як ҳайкалча буд, оё шумо онро дидед?
- Оё ҳайкалчаро Сафо ба ман тақдим карда гуфт, ки медонӣ ин кист, гуфтам на.
- Гуфт ин Суқрот аст, файласуфи бузурги Юнони Қадим ва бигузор ў аз муҳаббати ману ту ба меросхӯри ман (Сафо ҳамон лаҳза дасташро болои ишками ман гузошт) чун туҳфаи падар ба ёдгор монад.
- Пас чаро ўро бо худ набурдед?
- Чун ҳавлӣ дар таъмир буд, ман онро ба хонаи волидайнам набурдам, гуфтам, ки онро баъди таъмир ба ҳавлӣ мебарам, вале суханам куфр баромад.
- Шумо он ҳайкалчаро ба даст гирифтед?
- Ҳа, ҳайкалча ба ман маъқул шуд, ҳарчӣ ҳам буд ё набуд ў акси Суқроти бузург буд. Ман акнун афсўс мехурам, ки он ҳайкалчаро ҳамон вақт бо худ набурдам.
- Он рўзро дар ёд надоред.
- 24-уми ноябр, рўзи душанбе буд, ман бо хоҳиши Сафо он субҳ ба донишгоҳ нарафтам, ў бошад аз баҳри кор гузашт. Мо то нимаи дуюми рўз он ҷо будем, баъд ман ба хона рафтам ва ба модарам гуфтам, ки аз дарс баргаштам.
- То ҷое ки банда фаҳмидам, шумо аҳён-аҳён вомехӯрдед.
- Ҳафтае се ё чор маротиба мо бо ҳам будем, вале рўзи 20 ноябр Сафо чанд усторо оварду онҳо ҳамаи ҳавлиро чапу рў карданд, баъди овардани устоҳо ў аз ман хоҳиш кард, ки то тамом шудани таъмир пой бар он хона наниҳам. Аз байн се рўз гузашту ман ҷойи нишасти хеш гум намудам ва субҳи рўзи душанбе барои ман шуда ў низ ба кор нарафт ва баъди гусели банда гуфт, ки минбаъд ҷойи вохўрӣ ҳамин хона мешавад ва ҳатто як калиди он хонаро низ ба дасти ман дод. Дигар ин калид ба ман лозим нест, гўён-Малика аз сумкачааш калидеро бароварда болои мизи муфаттиш гузошт.
- Мо иттилоъ дорем, ки Сафо Боқӣ тез-тез ба сафари кишварҳои хориҷ мебаромад, оё ў боре шуморо бо худ набурд?
- Ў бисёр мехост, ки ман ҳамроҳаш ба Бишкек равам, вале ман ба ў гуфтам, ки ин ғайриимкон аст, охир ман донишҷўям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор