Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ман мехоҳам, ки шумо бобоям ва модарамро ба ин ҷо ҷеғ зада, моҳияти ин амали номатлуби бандаро ба онҳо ошкор созед, то нашаваду…
  • То нашаваду чӣ?
  • То нашаваду аз ҷабру зулми онҳо ман даст ба худкушӣ занам.
  • Астағфуриллоҳ гўед. Ман ҳайронам, ки чаро шумо худ ба онҳо асли воқеаро нагуфтед?
  • Ман гуфтам, вале онҳо бовар накарданд.
    -Ҳуҷҷатҳои хонаро ҳам ба онҳо нишон додед?
  • Не.
  • Чаро?
  • Чунки инсонро лафзаш ҳалол ва модоме ки онҳо ба суханони ман бовар намекунанд, чӣ лозим собит бегуноҳам бо роҳҳои дигар.
  • Майлаш ин тарафи масъаларо мо ба душ мегирем ва албатта, бо бобоят ва модарат суҳбат хоҳем кард, вале мо ба як саволи хеш ҷавоб гирифтан мехоҳем,- бори аввал ба суҳбати Малика ва Нӯшин ҳамроҳ шуда гуфтам ман.
  • Ман ҳеҷ чизро аз шумо пинҳон нахоҳам кард.
  • Гўед, ки оё шумо боре ҳам дар кӯчаи Беҳзод 17 ҳамроҳи Сафо Боқӣ будед ё не.
  • Танҳо як маротиба ва ҳамаи инро сабаб он буд, ки Сафо мехост то таваллуди тифл он хонаҳои ба ман туҳфа намудаашро аз нав таъмир созад ва рафту агар чунин ҳодиса рух намедод, эҳтимол банда боз борҳо пой бар остонаи он хона мегузоштам.
    -Ў нагуфт, ки хонаи дар кӯчаи Беҳзод азони кист?
  • Гуфт, ки хона азони худаш аст.
  • Дар бораи дӯсташ Хушнуди Замир чӣ медонед?
  • Сафо кӯшиш мекард, ки бандаро аз нигоҳи дўстонаш эмин дорад. Ман борҳо ба ў гуфтам, ки чаро дар вақти никоҳ ягон дӯсташро бо худ наовард ва чаро ў ягон дўсте надорад, вале ба ҳама саволҳои хеш посухе, ки аз он қаноатманд шавам, нагирифтам. Шаби пеш аз маргаш ҳам ў ҳамроҳи ман буд. Мо то соати 2220 дақиқа дар тарабхонаи «Авесто» будем. Сипас ў маро то пеши ҳамон телефон-автомате, ки ба шумо занг задам, гусел намуда гуфт, ки агар корҳояш омад кунанд, баъди ду-се рўз ў аз Боноз ҷудо мешавад ва аз он ҷо баргашта, ба тарафи дигари роҳ гузашт ва таксиеро боз дошта ба самти ғарб рафт…
пешина
аз 441
навбатӣ