Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ту чиҳо гуфта истдаӣ, Малика?
  • Афсўс ки Сафо он дурри хешро нодида рафт, - оби чашмонашро, ки рўи рухсораҳои лолагунаш шорида буд, пок намуда гуфт Малика.
  • Тадбир ба тақдири Худованд намонад.
  • Мефаҳмам, бубинед ман, ки садди роҳи дигаре шудам, то ўро бо ҳама бадбахтиаш бадбахттар созам ва чӣ тавр ба нафрати Офаридгор гирифтор шудам.
  • Худро беҳуда маломат накунед.
  • Баъди марги Сафо аз ин «дурр» ман нияти халос шуданро ҷустам, вале…
  • Вале чӣ?
  • Аз ғазаби Худованд тарсидам.
  • Ин хуб аст.
  • Чияш хуб аст?
  • Он чи ки аз ғазаби Худованд тарсидеду ба хуни ноҳақ даст назадед.
  • Акнун ман чӣ хел собит мекунам, ки тифли дар батнам буда аз Сафо Боқист?
  • Магар худ нагуфтед, ки шуморо домуллое дар ҳузури чанд тан аз мардуми он маҳалла ва тағоятон никоҳ кард?
  • Ҳамааш ҳамин хел буд, вале акнун инро ба мардум аз ҷумла ба бобоям фаҳмонда мешавад.
  • Албатта, даҳони бадгўёнро бастан душвор аст, вале муҳим он аст, ки шумо тамоми қоидаҳои никоҳ ва он чи ки дар боби никоҳ аз рўйи шариати Ислом омадааст, риоя намудед ва Офаридгор шуморо танҳо нахоҳад гузошт.
  • Ман донистан мехоҳам, ки оё собит намудани он ки тифл тифли Сафо Боқист, аз ҷиҳати илмӣ имконият дорад?
  • Албатта, ин кор мушкилие надорад.
  • Ман мехоҳам, ки шумо он домулло ва шахсонеро ки дар маҳфили никоҳи мо ҳузур доштанд, дар асоси қонун ҷеғ зада пурсед.
  • Инаш чандон муҳим нест.
  • Чаро?
  • Чунки мо ба шумо бовар мекунем.
  • Боз як хоҳише дорам.
  • Нек бошад.
пешина
аз 441
навбатӣ