Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Чун Сафо бо Боноз дар никоҳи қонунӣ буд, ман талаб намудам, ки танҳо баъди ҷудошавиаш бо ў издивоҷ хоҳам кард, вале Сафо ду пойро дар як муза андохта, маро бо никоҳи мусулмонӣ розӣ кунонд. Дар он маросим аз тарафи ман тағоям Шодмон, ки ҳоло дар Русия аст, иштирок дошт ва чун ў худ ҳамсоли ман аст, ба ман қавл дод, ки бе иҷозаи худам ин сирро ба касе намекушояд, чунки инро на танҳо, ман балки Сафо ҳам мехост. Моро домулло дар шоҳиди чанд нафаре аз мардуми ҳамон маҳалла никоҳ намуд.
-Ҳамаи ин шитобкориҳоро сабаб чӣ буд? - Шояд Сафо гумон дошт, ки агар интизори тӯлонӣ шавад, ман муҳаббати ўро напазирам. Ў ҳамон вақт як сухан гуфта буд, ки то кунун дар ёди ман мондааст: «Тезии корд дар нўги корд». Ба замми ин, Сафо чандон ба суханони духтур ҳам шояд боварӣ надошт, охир ў ҳашт сол бо Боноз зиндагӣ карда, соҳиби фарзанд нашуд. Дили мардон ниҳоят ҳассос будааст ва инро аз таҷрибаи на чандон тўлонӣ зиндагии ман дарёфтам.
- Рӯшантар гап занед.
- Русҳо як мақоли хубе доранд, шояд онро дар намуди аслиаш гўям.
- Боке нест.
- Золоту пробуй огнём, женщину золотом, а мужчину женщиной!58
- Яъне ў донистан мехост, ки оё метавонад соҳиби фарзанд шавад?
- Ў гуфт чун бифаҳмад, ки банда сарторик шудам, пас аз пайи ҷудо шудан бо ҳамсараш мешавад.
-Шумо бошед натарсида худро қурбони чунин мард намудед.
-Ғаввос, агар андеша кунад коми наҳанг,
Ҳаргиз накунад дурри гаронмоя ба чанг…
- Аминам, ки ғаввос аз он гирдоб дасти холӣ баромад?
- На.
- Чӣ?
- Он дур бо ман аст.
Тиллоро дар оташ, занро дар тилло ва мардро дар зан бисанҷ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор