Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Бале.
  • Оё сабаби ҷудошавиашро нагуфт.
  • Гуфт ва маҳз аз ҳамин лиҳоз банда пойбанди ў гаштам.
    Шояд шумо маро духтари сабукпой ҳисоб кунед, вале Худо шоҳид, ки ин хел нест. Дар ҳақиқат харидорони ман хеле зиёд буданд, вале ҳамаи онҳо низ чун худи ман. Тасаввур намоед, ки ман се сол боз падарамро надидаам, ҳоли зори модарамро худ медонаду Худо ва нохост нафаре ба ту изҳори муҳаббат намояд, ки дороиашро ҳисобу китоб нест …
  • Яъне, ки шумо аз рўи тангдастӣ ба ў дил бохтед.
  • Намедонам, акнун фаҳмидам, ки ба бахти ҳамсари қонунии ў зомин шудам.
  • Боз чӣ?
  • Бобоям мегўяд, ки лаънат ба он рўзе, ки ман ба олами ҳастӣ омадам.
  • Ўро ҳам фаҳмидан лозим.
  • Гуфтам-ку, ман яку якбора худро ба оғўши Сафо наандохтам, балки борҳо ҷаҳду талошҳои ўро дида ва муҳаббаташро пеши по задам, вале ҳастанд дар дунё шахсоне, ки ҳадафи муайян доранд ва лозим шавад сар медиҳанду аз он роҳ барнамегарданд. Сафо Боқӣ ана ҳамин гуна шахс буд, ўро аз дар ронӣ, аз тиреза меомад, мефаҳмед?
  • Давом диҳед!
  • Чун ў гуфт, ки тайи ҳашт соли зиндагӣ то кунун соҳиби фарзанд нашудааст ва духтур ба вай ва ҳамсараш маслиҳати ҷудо шуданро додааст, баъди гирд овардани маълумоти дақиқ дар ин бора ман таслими ў шудам. Шумо гумон накунед, ки ман ҳамин хел осонакак, чӣ хеле ки дар боло гуфтам, худро ба оғӯши ў андохтам.
  • Мо шуморо гӯш карда истодаем.
  • Чун модарам мутлақо зидди ин вохӯриҳо буд ва ҳамеша аз ман талаб мекард, ки аз марди оиладор дурӣ ҷўям, ман пинҳонӣ аз аҳли хонавода бо ў издивоҷи мусулмонӣ намудам.
    Барои ин амалам ў ба ман дар кӯчаи Назаршоев як ҳавлӣ харид, агар бовар накунед, ана ҳуҷҷатҳояш,- гўён Малика аз сумкааш ҳуҷҷатҳоеро бароварда ба дасти муфаттиш дод.
  • Бо шумо баҳс намудан душвор, - бо табассуми ба худ хосе гуфт муфаттиш ва ҳуҷҷатҳоро ба дасти ман дод. Нигоҳаш мегуфт: “Бубин, Малика духтари аноӣ нест ва он чӣ ки мо дар бораи ў андеша доштем, ба ду пули пучак намеарзад.” Чун банда ҳам он ҳуҷҷатҳоро аз назар гузаронидам, Нӯшин хоҳиш кард, ки Малика суханашро давом диҳад.
пешина
аз 441
навбатӣ