Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Мақсади асосии ба капитани милиса Сорбони Ҳомид занг заданатон аз чӣ иборат буд?
  • Хостам ба тафтишот ёрӣ диҳам.
  • Тамом?
  • Тамом.
  • Пас чаро расми Сафо Боқиро дар санҷаи даратон аз дасти ў гирифта гуфтаед, ки шахси дар акс тасвиршударо намешиносед?
  • Ман ҳеҷ боварӣ надоштам, ки рўзе эшон (Малика бо дасташ ба сӯи ман ишора намуд) то ба ман ҳам мерасад.
  • Яъне аз занги телефонии хеш чандон хурсанд ҳам нестед?
  • Ман дигар ҳеҷ гоҳ хурсанд буда наметавонам.
  • Аз сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд, бигзарад.
  • Ин изҳори тасаллият аст?
  • Бале.
    -Ташаккур. Ба номи Худо, тайи ин се ҳафта шумо аввалин нафаре ҳастед, ки дарди дили маро дарк намудед ва сарзанишам накардед.
    -Мо ҳам туро мефаҳмем. Аслан рафтори худат боиси дастгирӣ нест, вале дигар чӣ илоҷ? Оби рехтаро ҷамъ кардан ва шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил.
    -Ба ҳаминаш ҳам ташаккур.
    -Ин касро ба фикрам мешиносед?
    -Ҳа, капитани милиса Сорбони Ҳомид. Аслан ман чӣ хеле аллакай гуфтам, тариқи эшон хостам ба тафтишот ёрӣ дода, худ дар соя монам, вале ин хатои маҳз будааст. Намедонам чӣ тавр баъди он занги телефони домулло то ба дари хонаи мо расиданд. Шояд ҳаминаш беҳтар шуд.
    -Чиро дар назар доред?
    -Дер ё зуд шумо то ба қотил (ман чунин мепиндорам) мерасидед ва аз ҳамон самт то ба ман ҳам мебаромадед.
  • Қотил гуфта киро дар назар доред?
  • Ин ҳама андешаҳои худи ман аст ва ман намехоҳам, ки нафареро, ки шояд дар ин кор даст надошта бошад, бо ҷурми гуноҳе домангир шавам.
  • Мо ҳам хоҳони чунин амал нестем.
  • Бисёр хуб.
  • Худораҳматии Сафо дар ҳақиқат нияти аз ҳамсараш ҷудо шудан дошт?
  • Инро худаш гуфт?
пешина
аз 441
навбатӣ