Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

- Нозири минтақавӣ бояд ҳамроҳаш бошад.
- Не, ў танҳост.
- Шояд ў дигар кас аст?
- Ба гумон аст.
- Бовар намекунам.
- Биёеду бубинед.
Ман пушти тиреза рафтам ва ба самти роҳ нигаристам. Дар ҳақиқат Малика худаш нияти аз самти дигари роҳ гузаштан дошт. «Аҷиб, чаро Абдурашид ҳамроҳи ў нест?” - аз дил гузаронидам ман, вале ба саволи хеш ҷавобе наёфтам. - Хуш, ман хато намудам.
- Не.
- Дар зоҳир ў ниҳоят зебост.
- Абдурашид ҳам чунин андеша дорад.
- Ботини ҳар касро худо худаш медонад.
- Баҳс намекунам.
Чун Малика пой ба зинаҳои пеши бино гузошт, мо низ аз пушти тиреза дур шудем. Муфаттиш сари мизи кориаш нишаст.
Ба дар касе ангушт зад ва Нӯшин овоз рӯшан кард.
Малика дарро кушода, баробари чашмаш ба ман бархӯрдан, лаҳзае лолу ҳайрон монд, мисли оне ки маҷоли ҷумбидан надошта бошад.
-Марҳамат дароед, мо шуморо интизорем, - гуфт муфаттиш ва Малика пой бар остонаи дафтари кори Нӯшини Азиз гузошт…
Малика гузашта ба курси дар рў ба рўи ман нишаст. Бо ҳама он андӯҳи дар дил дошта ў ниҳоят зебо буд. Рафту агар ман мисли Леонардо де Винчи рассом мешудам, аз ин чеҳраи зебо Мона Лизаи дигареро руи саҳна меовардам. Ба табъи баланди Сафо Боқӣ қоил шудам. Дар ҳоле ки ман сари ҳамин андешаҳо будам, Нӯшин ҳам чашм аз он чеҳраи зебо намеканд. Шояд ў чун руҳшинос донистан мехост, ки чӣ шуду бо ин ҳама ҳусни Худодод Малика худро таслими марди зандоре намуда… - Ному насаб? - ниҳоят пардаи хомӯширо шикаста пурсид муфаттиш.
- Маликаи Иброҳим.
-Ба кадом мақсад ба ин ҷо ҷеғ заданатонро медонед? - Албатта.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор