Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Малика ҳамон нафарест, ки банда дар вохӯрии гузашта дар борааш ба шумо ҳикоят намуда будам.
  • Чӣ?
    -Он чӣ шунидед, Малика ҳамон духтарест, ки аз телефонавтомати қариб бесоҳибмондаи кӯчаи «Озоди занон» ба ман занг зада гуфта буд, ки: «Сафо Боқӣ нияти аз ҳамсараш ҷудо шудан дошт». Ё гапам нодуруст.
  • Дуруст.
    -Пас чаро шумо ҳаминро аввал нагуфтед?
  • Чунки шумо ба ман чунин имконият надодед.
  • Маро бубахшед, ман худам ба эҳсосот дода шуда, аз шунидани каломи ҳақ дур мондам.
  • Беҳуда худро мазаммат накунед. Дар асл ман гунаҳгорам, чунки матлаби хешро дуруст баён накардам. Ҳамин лаҳза як латифае ба ёдам омад.
  • Шуниданаш мумкин?
  • Чаро не? Мардеро ба ҷурми кадом як гуноҳе дастгир намуда, ба назди қозӣ бурданд.
  • Номи шумо, - пурсидааст қозӣ.
  • Худо …
  • Занед ўро, мо ки яктопарастем, чаро ў даъвои худоӣ дорад?
    Мардро хеле латӯкуб намуданд, то дигар даъвои беҳуда накунад.
    -Номат чист? - баъди он ҳама шиканҷаҳо пурсидааст қозӣ.
    -Ҳамоне, ки гуфтам ва дар иловааш Бердӣ.
  • Худоибердӣ? - пурсидааст қозӣ.
  • Бале, тақсир.
  • Пас чаро ҳамин калимаро барвақттар нагуфтӣ…
  • Худо худаш шоҳид, ки шумо барои гуфтор ба ман имконият надодед…»
  • Яку сифр ба фоидаи шумо,-гуфт Нӯшин ва аз ҷой бархоста назди тиреза рафт.
    Чун дафтари кори муфаттиш дар ошёнаи якуми бинои прокуратура ҷойгир буду аз тирезааш дари баромадгоҳ намоён, ман ба хулосае омадам, ў чашм дар роҳи «қаҳрамони»
    асосиест, ки рафтораш боиси ҳамдигарнофаҳмии мо гашта…
  • Ба фикрам, ана омад, - тахминан баъди панҷ дақиқаи интизории пушти тиреза овоз рӯшан намуд муфаттиш.
  • Ў танҳост?
  • Танҳо.
пешина
аз 441
навбатӣ