Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Соате пас андешаҳоятон дигар хоҳад шуд.
  • То ҷое ки ман фаҳмидам, ў қариб каломе ба забон наовардааст, ё гапам нодуруст?
  • Дуруст, вале баҳри фаҳмидани ҳақиқат сухан гуфтан ҳам шарт нест.
  • Ва он чӣ гуна ҳақиқат аст?
  • Ман ба шумо гуфтам, ки чун ў расми Сафо Боқиро аз дасти ман гирифт, авзояш парешон шуд. Маҷоли сухан гуфтанро ҳам аз даст дод. Наход бовар накунед?
  • Далелҳо ҳанўз нокифояанд.
  • Шояд мо худамон ўро пурсиш намуда, протоколи пурсишашро бароятон пешкаш намоем.
  • Хоҳиш мекунам ба эҳсосот роҳ надиҳед.
  • Дар ҳоле ки шумо ба ман бовар намекунед.
  • Шояд сарчашмаи хабар дигар кас аст?
  • Не, сарчашмаи дигаре моро нест, - гуфтам ман, чунки намехостам ному насаби полковник Ҷумъа Зокирро ба забон биёрам ва ўро мавриди пурсиш ва нафрати муфаттиш қарор диҳам. Мо ҳатто бо Абдурашиду Тоҳир Додобоев дар ин бора ба мувофиқа омада будем, ки мўйсафедро ба ҳолаш гузорем.
    Ана ҳамин ҳолат сабаб шуду банда мавриди пурсиши бесару нӯги муфаттиш қарор гирифтам.
  • Рафту Малика ҳамаро рад намояд-чӣ?
  • Ба гумон аст.
  • Яъне шумо итминони комил доред, ки мо ба марра наздикем.
  • Намедонам, вале гумон мекунам мо тариқи Малика ба зиндагиномаи хонадони Сафо Боқӣ дурусттар шинос хоҳем шуд.
  • Муносибати Малика бо Сафо Боқӣ дар кадом поя қарор дошт?
  • Чун банда бо Малика суҳбат накардаам, аз посухи ин саволатон худдорӣ мекунам, вале гумон мекунам соате пас шумо ба ин саволатон ҳам посухи мусбӣ хоҳед гирифт.
  • Посухи мусбӣ гуфта чиро дар назар доред?
  • Посухеро, ки ба манфиати тафтишот аст.
  • Гуфтед, ки нозири минтақавӣ баҳри овардани вай рафт.
  • Ҳамин хел.
  • Ман ҳеҷ нафаҳмидам, ки Малика чӣ тавр таваҷҷуҳи шуморо бедор намуд?
пешина
аз 441
навбатӣ