Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Ҳарчанд андешаҳои банда тасдиқи муайяни хешро мехостанд ва онҳоро танҳо қотил метавонист қабул ё рад намояд, Сафо Боқӣ дар лаҳзае пой ба остонаи хонаи се моҳ пеш харидааш қадам ниҳод, ки чароғҳо хомўш шуданд. Ў шахси дар хона бударо дид ё не маълум нест ва аз эҳтимол дур нест, ки он то қиёмат маълум нашавад, вале шахс ё шахсони дар он хонадон буда ўро диданд ва ҳатто имконият надоданд, ки ў чизеро пайхас намояд ва бо ҳамон ҳайкалчае, ки ба Боноз маъқул нашуду ўро партофтан хост, худи ў садди роҳ шуд, ки ин Суқрот аст файласуфи Юнони Қадим, бо ҳамон ҳайкалчае, ки ў се рўз пеш аз марг онро баҳри Малика тақдим намуду модари тифлаш бурдани онро то вақти дигар маъқуф гузошт, ба сараш заданд, ки муддате худро гум кард…
Маҳз ҳамин зарба ба қотил имкон дод, ки ҷисми ўро ба поён партоянд ё чунин ҳам шуданаш мумкин, ки ў мувозинаташро гум намуда, боз чанд қадам ба тарафи даҳлез қадам гузошта, аз он ҷо сарозер ба поён рафтааст…
Ҳар қадар сари ин муаммо андеша намудам, аз худи Бонози Даврон дида номзадеро ба маснади қотил наздиктар надидам.
Ў метавонист танҳо набошад ва агар танҳо набудӣ, ҳамон дўсти марҳум, ки ба устодаш Хусрав Раҳим хуш наомада буд, ўро чун ёвар…
Ба андешаи банда Сафо Боқӣ нахостааст, ки модари тифлашро аз хиёнати дӯсташ огоҳ созад ва новобаста аз он ки ўро мошини шахсӣ буд, он шаб бо таксӣ ба кӯчаи Беҳзод рафт.
Чӣ хеле ки баъдтар маълум шуд, ў соати 1823дақиқаи рўзи 27 ноябр мошини шахсиашро ба яке аз истгоҳҳои пулакӣ монда, баъди он аз хизмати таксӣ истифода бурдааст, чаро?
Сари андешаи ин суол банда вақт наёфтам, чунки дар кушода шуду нозири минтақавӣ Абдурашиди Шариф даромад.
- Бисёр хуб шуд, ки омадед, - гуфтам ман.
- Чӣ, боз ягон гап шуд?
- Боз як маротиба ба кӯчаи «Озодии занон» рафтанат лозим мешавад.
- Чаро танҳо ман ба ин ҷо мерафтам?
- Чунки худат ба Малика маъқул шудаӣ.
- Ў бошад ба ман маъқул нест, мефаҳмед?
- Бобояш чӣ?
- Бобояш ҳам. Чӣ тавр шумо метавонед ба одами дурўғгӯ эҳтиром гузоред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор