Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Худам ҳам дар ҳамин андеша будам, вале акнун бисёр чизҳоро фаҳмидам.
  • Дар ҳамин як вохӯрии кӯтоҳ?
  • Бале. Гумон мекунам, ки ботини Малика на чун зоҳири ў зебост.
  • Оё барои чунин хулосабарорӣ барвақт нест?
  • Нест.
  • Ба андешаи худат мӯйсафед ба милиса баҳри тавба намудан рафтааст?
  • Бале, дигар ўро дар милиса чӣ корест.
  • Аз куҷо фаҳмидед, ки Малика ҳамон духтараки ҷустуҷў мекардагии мост?
  • Сафо Боқӣ, одами аноӣ набуд?
  • Шахсеро, ки дар чунин шароит дороиаш ба ду миллион доллар дакка мехӯрад, магар аноӣ гуфта мешавад.
    Малика ҳам дар ҳақиқат арзандаи номаш аст. Ба ростӣ, банда то кунун зеботар аз ў духтареро надидаам.
  • Яъне, ки ў бо як нигоҳ тири муҳаббатро дар қалбатон ҷо намуд.
  • Ҳамин хел аст. Ў худ вазъи банда ва мавқеи кунунии хешро фаҳмид, барои ҳамин ҳам нигоҳашро аз ман гурезонд.
  • «Мавқеи кунунӣ» гуфта чиро дар назар доред?
  • Ў фаҳмид, ки дигар меваи шохи баланд нест.
  • Муаммогўиро як сӯ гузор.
  • Гумон мекунам шумо ҳамаашро кайҳо фаҳмидед.
  • Гумонҳои ботил.
  • Бо чунин зебоӣ Маликаро шояд даҳҳо харидор буд, харидоре чун ман бо киссаи холӣ, вале ў муҳаббаташро пойандози Сафо Боқӣ намуд, ҳол он ки ў нағз медонист, ки Сафо марди оиладор аст.
  • Яъне ў ба боигарии Сафо Боқӣ дил бохта.
  • Бале.
  • Ба андешаи худат муҳаббати онҳо дар кадом поя қарор дошт?
  • Сабзаи зери дарахти мевадор ҳамеша поймол аст.
  • Пас ин спектакл чӣ лозим буд.
  • Вақту соаташ ояд, ҳамаашро мефаҳмем, - гўён Абдурашид ба тарафи бинои милиса тоб хӯрд.
  • Шуморо Тоҳир Додобоевич интизор, - баробари пой ба остонаи милиса гузоштанамон моро ҳушдор сохт навбатдор.
пешина
аз 441
навбатӣ