Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Ў танҳост?
  • Не, ҳамроҳи кадом як полковники мустаъфие…

  • Сўзанро аз байни тӯдаи коҳ ёфтему шуморо не, - баробари пой ба остонаи дафтари кори сардори бахш гузоштанамон гуфт Тоҳир Додобоев.
  • Мо баҳри дидорбинӣ ба хонаи домулло (ман ба тарафи мусоҳиби сардори бахш ишорае намудам) рафта будем.
  • Ба хонаи мо?-пурсид мӯйсафед.
  • Ҳа, ба хонаи шумо, рафиқ полковник.
  • Гӯр бар сари чунин полковнике чун ман, - оҳи бадарде кашида гуфт Ҷумъа Зокир.
  • Боз чӣ гап шуд?
  • Ман ба Тоҳирҷон ҳамаашро гуфта додам.
  • Мо ба ягон ҷо шитоб надорем, агар малоли хотиратон нашавад, - гўён ману Абдурашид ҳар дар рў ба рўи Ҷумъа Зокир нишастем.
  • Худам ҳам намедонам, ки маро чӣ бало зад…
  • Ҳеҷ чизро намефаҳмем.
  • Тоҳирҷон, хоҳиш мекунам ба бачаҳо фаҳмон.
  • Сухан аз даҳони Луқмон хуш аст, ба замми ин шумо, ки худатон ба милиса омадед, Худованд ҳам тавбаатонро мепазирад.
  • Аминам, ки маро мефаҳмед.
  • Албатта.
  • Ман он рўз ба шумо дурўғ гуфтам, - ба тарафи ман нигариста гуфт мӯйсафед.
    -Ба ман?
    -Ҳа, ба шумо ва ҳатто шарм надошта, ба ин ҷо омадам ва аз рўи бофтаи хаёлоти хеш расми нестандарҷаҳонеро баҳратон ба тасвир додам.
    -Яъне, ки шумо моро, дурусттараш тафтишотро, аз роҳи рост баровардани шудед?
    -Ҳамааш ҳамин хел аст.
    -Ба кадом хотир?
    -Ба хотири набера,
    -Шуморо гӯш мекунем.
пешина
аз 441
навбатӣ