Зеҳн
Асарҳои мунтахаб ҷилди 8

Агенти Зеҳнӣ · 2 ноябри 2026 · 441 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан
  • Расмро ба дасти Маликабону диҳед?-амр намудам ман, ҳарчанд аз он расмҳо дар ҷайби худам ҳам буд.
  • Хуб шудааст,- гўён Абдурашид он расмро бароварда, бо як эҳтироми хосе ба тарафи духтар дароз намуд.
    Нигоҳи онҳо бо ҳам бархӯрд ё не, ман надидам, вале баробари расмро ба даст гирифтан духтарро бо рухсораҳои лолагунтар дидам, мисли кулчаи ширмоли нав аз танӯр канда.
  • Чеҳрааш шиносу вале дар куҷо ўро дидаам,-ба ёд оварда наметавонам.
  • Ана ин касро чӣ? - гўён ман аз ҷайб расми Сафо Боқиро, ки тайи қариб як моҳи охир дар ҷайбам буд, бароварда ба дасти мусоҳиби лолагунрухсорам додам.
    Ҳамон чеҳраи зебову лолагун дар як лаҳза мушавваш гашт.
    Малика гўё маҷоли сухан гуфтан надошт.
  • Ба ту чӣ шуд, Малика?
  • Ҳеҷ чиз, - гўён ў расмро ба дастам дод.
  • Ўро нашинохтед?
  • Не,- гўён духтар ҳатто бо мо худоҳофизӣ накарда ба сӯи хона рафт.
  • Ба ў чӣ шуд? - пурсидам ман аз Парвона.
  • Намедонам, - гуфт ў ҳам ва дарвозаро пӯшид.
    -Ҳеҷ чизро намефаҳмам, - гуфт Абдурашид.
  • Ман ҳам ҳайронам.
  • Медонед чӣ, рафиқ капитан?
  • Чӣ буд?
  • Ба фикрам, полковник баҳри рӯшанӣ андохтан ба ҳамин муаммо ба милиса рафтааст.
  • Ба кадом муаммо?
  • Ў худ тафтишотро аз роҳи рост бароварданӣ шудааст?
  • Шуморо нафаҳмидам.
  • Чияш нофаҳмо.
  • Ҳамааш.
  • Малика ҳамон духтаракест, ки ба шумо занг задааст.
  • Наход?
  • Биёед, беҳтараш ба милиса меравем.
  • Шояд мӯйсафедро ҳамин ҷо интизор шавем?
  • Дигар ин ҷо истодани мо маъние надорад, - гуфт Абдурашид ва мо ба самти роҳи калон ҳаракат намудум.
  • Ман гумон намудам, ки барои ту арӯси нозанине ёфтем.
пешина
аз 441
навбатӣ